ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ФИЛМИ «ПЕШВО АЗ ҚАЛБИ МАРДУМ» ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ
23 октябри соли 2026 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим тамошои дастаҷамъонаи филми «Пешво аз қалби мардум» бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ишкошим Назарзода Душанбе Назаршо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони соҳаҳои гуногун ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Филми мазкур бозгӯкунандаи роҳи пурифтихори зиндагӣ ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар он марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории навини тоҷикон, талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини рушди кишвар ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ инъикос ёфтааст.
Тамошои филм дар қалби иштирокчиён як ҷаҳон таассуроти нек, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, шукргузорӣ ва эҳтирому садоқат ба Ватану Пешвои миллатро бедор намуда, бори дигар аҳаммияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар ҳаёти ҷомеа равшан сохт.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Ишкошим Назарзода Душанбе Назаршо доир ба муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Пешво аз қалби мардум» суханронӣ намуда, нақши таърихӣ ва хизматҳои бузурги Пешвои миллатро дар яке аз сарнавиштсозтарин марҳилаҳои таърихи давлатдории тоҷикон — наҷоти миллат аз вартаи парокандагӣ, барқарории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди пояҳои устувори давлати соҳибистиқлол махсус таъкид карданд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти мавқеи сарҳадии ноҳияи Ишкошим, ба масъалаҳои ҳифзи амнияти сарҳади давлатӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Муовини раиси ноҳия ба масъулини соҳаи маорифу фарҳанг, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастуру тавсияҳо дода, зарурати ташкили тамошои дастаҷамъонаи филми мазкурро дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва байни сокинони тамоми деҳоти ноҳия таъкид намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор иштирокчиён низ доир ба муҳтавои филм ва таассуроти худ андешаронӣ намуда, нақши Пешвои миллатро дар таъмини сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.







