Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков воҳиди маъмуриест, ки ба ҳайати ноҳияи Ишкошим ВМКБ дохил мешавад . Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков дар қисми ҷанубии ноҳия қад – қади соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буда, аз самти ҷануб бо Ҷумхурии Исломии Афғонистон, дар самти ғарб бо Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ, дар самти шарқ бо ҷамоати деҳоти Шитхарв ҳамсарҳад мебошад.
Қисмати зиёди ҳудуди ҷамоатро қаторкӯҳҳоҳи водии Вахон ишғол намудаанд. Дарозии умумии қад – қади дарё 76 км ва масоҳати умумии он 34678,0 м2 ро ташкил дода аз ҳарду тараф ба маркази ҷамоати деҳот 38 км ро ташкил медиҳад. Масофаи маркази ҷамоати деҳот то маркази вилоят 105 км ва то шаҳри Душанбе 750 км ро ташкил медиҳад .
Соли 1927 Ҷамоати деҳоти Ишкошим дар ҳайати ноҳияи Ишкошим ташкил ёфт. Маънои аслии Ишкошим аз истилоҳи «Сако-ҳашима», яъне ҳудуди сакоиҳо – нахустин қавмҳои ориёитабор гирифта шуда , далели таърихи қадима доштани онро нишон медиҳад. Аҳолии ҷамоат аз се гуруҳи этникӣ, ки бо забонҳои ишкошимӣ, тоҷикӣ ва вахонӣ муошират менамоянд, иборат мебошад.
Бо қарори Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2012 таҳти рақами 400
Ҷамоати деҳоти Ишкошим ба номи ходими намоёни давлатӣ ва илмӣ доктори илмҳои иқтисод, профессор Рустамбек Юсуфбеков гузошта шуд. Ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбеков таърихи қадима ва ниҳоят бой ва ғанӣ дорад. Ёдгорихои таърихӣ аз қабили қалъаи «Кофарқалъа» – деҳаи Рин, қалъаи «Қаҳ– Қаҳа» – и дехаи Намадгут, мавзеъҳои бостонӣ, ҷуйбори Мирзосалмон дар деҳаи Дашт, мазори Шоҳи Мардони деҳаи Намадгут ва бисёр дигар аломатҳо аз қадима будани маконҳои ҷамоати деҳот шаҳодат медиҳад.
Маълумот оид ба ҳудудҳои маъмурии ҷамоати деҳоти ба номи
Рустамбек Юсуфбеков ба ҳолати 1-январи соли 2019
№ | Номи деҳаҳо | Масофа то маркази ҷамоат (км) | Шумораи аҳолӣ (нафар) | Шумораи хонаводаҳо | Мактабҳои миёна | Мактабҳои асосӣ | Мактаби ибтидоӣ | Муассисаҳои то мактабӣ | Китобхонаҳо | Марказҳои саломатӣ /бунгоҳҳо | Нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ | Дуконҳо ва мағозаҳо | Ҳаммомҳо | Сехҳои дӯзандагӣ | Сартарошхонҳо | Осиёбҳо | Корхонаҳоисаноатии хурду миёна | НОБ–ҳои | Тарабхонатуйхона
|
меҳмонхона |
1 | Мулвоҷ | 30 | 454 | 57 | 1 | 1 | 1 | 1 | 4 | |||||||||||
2 | Яхшивол | 20 | 345 | 47 | 1 | 1 | 1 | 1 | ||||||||||||
3 | Сумҷин | 15 | 379 | 43 | 1 | 2 | ||||||||||||||
4 | Ишкошим | 2986 | 487 | 2 | 1 | 1 | 1 | 2 | 36 | 4 | 1 | 2 | 3 | 5 | 3 | |||||
5 | Рин | 1 | 1066 | 175 | 1 | 1 | 1 | 2 | 2 | 1 | ||||||||||
6 | Дашт | 10 | 532 | 83 | 1 | 1 | 1 | 1 | 2 | |||||||||||
7 | Дашти боло | 12 | 121 | 18 | ||||||||||||||||
8 | Намадгути поён | 15 | 406 | 43 | 1 | 8 | 4 | 1 | ||||||||||||
9 | Намадгути боло | 18 | 1183 | 142 | 1 | 1 | 1 | 1 | 2 | 1 | ||||||||||
10 | Удит | 22 | 246 | 34 | 1 | 1 | 1 |
|
||||||||||||
11 | Боибар | 30 | 157 | 28 | 1 | 2 |
|
|||||||||||||
12 | Тоқахона | 35 | 160 | 18 | 1 | |||||||||||||||
Ҳамагӣ: | 208 | 8035 | 1175 | 3 | 7 | 1 | 1 | 6 | 6 | 2 | 23 | 4 | 1 | 2 | 8 | 6 | 1 |
Иқлим
Ҳудуди ҷамоат аз сатҳи бахр дар баландии 2500 воқеъ буда, иқлимаш хушки континенталӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи январ -15 -25 дараҷа хунук ва дар моҳи июл бошад +25+30 дараҷа гарм, ҳадди миёнаи боришот 60 мм мебошад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот кариб ҳамаи дарахтони ороишию мевадиханда (себ, ноқ, зардолу, олу, олуча, шафтолу, тут, гелос, ҷормагз), растаниҳои даштӣ ва бешадашти меруяд.
Маълумотҳои демографии Ҷамоати дехоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
№ БТ |
Нишондиҳандаҳо |
Воҳиди ченак |
||
2018 |
2019 |
|||
1 |
Хоҷагӣ, хонавода |
адад |
1175 |
|
2 |
Аҳолии доимӣ |
нафар |
8035 |
|
3 |
Аз инҳо мард |
нафар |
3841 |
|
4 |
Зан |
нафар |
3315 |
|
5 |
Мардҳо аз 0 синни 14 сола |
нафар |
1195 |
|
6 |
Занҳо аз то сини 14 сола |
нафар |
1040 |
|
7 |
Муҳоҷирони меҳнатӣ |
нафар |
879 |
|
Соҳаи кишоварзӣ
Сиёсати аграрӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолияти дастгоҳи ҷамоат ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии он баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои замин, ташкили оқилонаи истеҳсолоти кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо озуқа ва ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳоту шаҳр ба ҳисоб меравад.
Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҷамоат
Хоҷагиҳои деҳконӣ
|
Саҳмдорони хоҷагиҳои деҳконӣ | Хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ | Хоҷагиҳои деҳқонии ёрирасон | |
Шумора | 1 | 760 | ||
Аъзо | 126 | 126 | 760 |
Ҷадвали заминҳои кишоварзӣ
|
Киштшаванда | Обӣ | Боғҳо |
Заминхои кишоварзӣ | 687.72 га | 687.72 га | 99.17 га |
Аз чумла назди хавлигӣ | 140 га | 140 га |
Истифодаи коммуникатсионии замин дар ҷамоати деҳот
№ б/т |
Номгӯи заминҳо |
Ҳамагӣ (га) | Аз ҷумла обӣ
( га) |
1 | Фонди умумии замин | 34492.81 | 404.93 |
2 | Заминҳои таъиноти кишоварзӣ | 16392.97 | 113.93 |
4 | Заминҳои корам | 687.72 | 687.72 |
5 | Дарахтони бисёрсола | 713.17 | 713.17 |
6 | Боғ | 99.17 | 99.17 |
7 | Чарогоҳ | 16879.04 | |
8 | Алафзор | 22.47 | 22.47 |
9 | Заминҳои назди ҳавлигӣ | 140 | 140 |
10 | Заминҳои корам | 158 | 158 |
11 | Зери иморатҳо | 18 | |
12 | Заминҳои хоҷагии ёрирасон | ||
13 | Ҷангалу бешазор | 88 | 88 |
14 | Буттазор | 186 | |
15 | Заминҳои зери об | 135 | |
16 | Роҳҳо ва роҳҳои чорвогузар | 536 | |
17 | Дигар заминҳо | 16858.03 | |
|
|
249.92 | 83.40 |
Ҳолати иншоотҳои таъминоти об дар ҷамоат
№ БТ | Номгӯйи каналҳо | Соли сохта ва ба истифода додашуда
|
Дарозии канал
( км) |
Майдони замини обёриша ванда
( га) |
Ҳолати техникии
ҳозира |
Маблағи барои таъмир зарур ба ҳисоби (ҳазор сомонӣ)
|
1 | Канали деҳаи Яхшивол | 1980 | 1,6 | 30 | Таъмирталаб | 50,0 |
2 | Канали деҳаи Сумҷин | 1982 | 2,0 | 25 | Таъмирталаб | 30,0 |
3 | Каналт деҳаи Нуд | 1950 | 2,5 | 50 | Таъмирталаб | 60,0 |
4 | Канали м/и Дашт | 1970 | 28,0 | 320 | Садамавӣ | 1,200 |
5 | Канал Намадгути поён | 1950 | 4,0 | 20 | Таъмирталаб | 70,0 |
6 | Канали деҳаи Удит | 1992 | 5,0 | 21 | Таъмирталаб | 10,0 |
7 | Канали деҳаи Бойбар | 1960 | 1,0 | 30 | Таъмирталаб | 5,0 |
8 | Канали деҳаи Рин | 1960 | 5,0 | 50 | Таъмирталаб | 50,0 |
Маориф
Шумораи омӯзгорони ҷамоат (нафар)
Солҳо | Солҳои хониши 2016-2017 | Солҳои хониши 2017-2018 | Солҳои
хониши 2018-2019 |
Шумораи умумӣ | 256 | 257 | 253 |
Аз ҷумла занҳо | 180 | 178 | 173 |
Бо маълумоти олӣ | 175 | 181 | 184 |
Аз ҷумла занҳо | 105 | 103 | 122 |
Бо маълумоти олии нопурра | 15 | 10 | 15 |
Аз ҷумла занҳо | 9 | 8 | 12 |
Бо маълумоти миёнаи махсус | 15 | 13 | 15 |
Аз ҷумла занҳо | 9 | 11 | 10 |
Бо маълумоти миёнаи умумӣ | – | – | – |
Аз ҷумла занҳо | – | – | – |
Муаллимони аз кор рафта | – | 3 | 1 |
Аз он ҷумла, занҳо | – | 1 | 1 |
Норасоии кадрҳо | – | – | – |
Номгӯи муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков дар давоми солҳои 2016-2018
Номгӯйи муассисаҳои таълимӣ |
Солҳо | Таъминоти об (бо %) | Мавҷуд будани канализатсия (бо %) | Таъминот бо компютерҳо (бо %) | Таъминот бо мебел (бо %) | ||||||||
2016 | 2017 | 2018 | |||||||||||
Ҳамагӣ | Ҳамагӣ шумораи хонандагон | Аз он духтарон | Ҳамагӣ | Ҳамагӣ шумораи хонандагон | Аз он духтарон | Ҳамагӣ | Ҳамагӣ шумораи хонандагон | Аз он духтарон | |||||
Асосӣ | 6 | 853 | 548 | 6 | 868 | 466 | 6 | 870 | 412 | 50 | – | 30 | 66 |
Миёна | 4 | 505 | 251 | 4 | 510 | 215 | 4 | 512 | 221 | – | – | 25 | 50 |
Ибтидоӣ | 2 | 28 | 13 | 2 | 36 | 15 | 2 | 40 | 18 | – | – | 15 | 45 |
Ҳамагӣ | 12 | 1386 | 812 | 13 | 1414 | 696 | 12 | 1419 | 651 | 0,25 | – | 60 | 75 |
Соҳаи тандурустӣ.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков барои 1155 хоҷагӣ 1 касалхонаи марказӣ 3 маркази саломатӣ ва 3 бунгоҳҳои тиббӣ хизмат мекунанд. Дар ин муассисаҳо зиёда аз 110 нафар кормандони тиб бо маълумоти олӣ, миёна ва коркунони хурди хоҷагӣ фаъолият мекунанд, Феълан, муассисаҳои тиббии ҷамоат ба 12 нафар мутахассисони касбӣ, 6 нафар духтурони тибби оилавӣ ниёз доранд.
Фарҳанг
Маълумот доир ба муассисаҳои фарҳангии
Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
Номгӯйи муассисаҳо |
Шумораи муассисаҳо (адад) |
|
Хонаи фарҳанг |
2 |
|
Китобхонаҳо |
6 |
|
Клубҳо | 3 | |
Осорхона | 1 |