Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо Қарори Комиҷроияи ВАБК соли 1932 дар водии Ғорон аввалин ҷамоат ташкил меёбад, ки маркази он деҳаи Шанбедеҳ интихоб мегардад. Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ аз деҳаҳои Вогз, Шанбедеҳ, Бағуш, Қозидеҳ ва Баршор иборат мебошанд. Аз маркази Ҷамоати деҳоти деҳоти Қозидеҳ то маркази ноҳия 39 км роҳ мебошад. Аҳолии Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ 2002 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот 4 муассисаи таҳсилотӣ миёнаи умумӣ ва 1 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 адад муассисаи фарҳангӣ, 3 адад китобхона, 4 адад муассисаҳои тиббӣ, 1 филиали “Амонатбонк” мавҷуд мебошанд. Инчунин дар ҳудуди ҷамоати деҳот 9 адад осиёби обӣ,1 адад сехи дӯзандагӣ ва адад нуқтаи фӯруши сӯзишворӣ мавҷуд аст.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими хоҷагидорӣ дар ҷамоат маҳсуб ёфта, барои парвариши растаниҳои ғалладонагӣ, гандум, боқило, ҷав, каротшкапарварӣ шароит мусоид мебошад.Айни замон дар ҷамоати деҳот 6 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта аз 310 нафар аъзо иборат мебошанд. Шумораи умумии хоҷагиҳо 247 адад мебошад.
Шумораи хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
Хоҷагиҳои деҳқонӣ | Хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ | Хоҷагии деҳқонии ёрирасон | |
Шумора | 6 | 310 | |
Аъзо | 310 | 620 |
Заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
Номгӯй | Киштшаванда
(га) |
Обӣ | Боғҳо |
Заминҳои кишоварзӣ | 91 | 91 | 10 |
Аз ҷумла киштшаванда | 41 | 41 | 8 |
Сохтори истифодаи замин дар Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
№ | Намуди заминҳо | Ҳамагӣ
(га) |
Аз ҷумла обӣ
(га) |
Фоиз |
|
Фонди умумии замин | 68,3 | 325 | 47,6 |
|
Заминҳои таъинотӣ кишоварзӣ | 91 | 91 | 13 |
|
Заминҳои корам | 91 | 91 | 13 |
|
Дархтони бисёрсола | 27 | 27 | 3,9 |
|
Боғ | 10 | 10 | 1,5 |
|
Чарогоҳҳо | 258 | 37,8 | |
|
Алафзор | 17 | 17 | 1,5 |
|
Заминҳои наздиҳавлигӣ | 42 | 42 | 6, 1 |
|
Зери иморатҳо | 4 | 0,6 | |
|
Заминҳои хоҷагии ёрирасон | |||
|
Ҷангалу бешазор | 85 | 60 | 12,4 |
|
Буттазор | 40 | 40 | 5,9 |
|
Заминҳои зери об | 75 | 11 | |
|
Роҳҳо ва роҳҳои чорвогузар | 2 | 0,3 | |
|
Дигар заминҳо | 36 | 5,3 |