Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар буда, таърихи ин сарзамин аз даврони қадим ибтидо гирифтааст. Маънои калимаи Ишкошим “Сакошим” яъне ватани Сакоиҳо мебошад.Сакошим дар асрҳои VII-VI-и пеш аз мелод маркази маъмурии қавмҳои ориёитабор –тоифаҳои ҳинду эрон будааст. Шоҳроҳи овозадори кулли Осиё, яъне “Шоҳроҳи Абрешим” аз ҳамон давра аз ҳудуди водии Вахони ноҳияи Ишкошими ҳозира мегузашт.
Ноҳияи Ишкошим 27 моҳи октябри соли 1922 ,дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, марказаш деҳаи Ишкошим мебошад. Ноҳия дар масофаи 652 км аз маркази ҷумҳурӣ ва 105 км аз шаҳри Хоруғ воқеъ гаштааст. Ноҳияи Ишкошим воҳиди маъмуриест,ки ба ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Ишкошим дар қисмати ҷануби ҷумҳурӣ дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буда,аз самти шимол бо ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқаъла, аз шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Бештари масоҳати ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара аз шимол ва дарёи Панҷ – аз ҷануб водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Қуллаҳои баландтарини ноҳия Маяковский 6096 м ва Карл Маркс 6726 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда ба шумор мераванд. Масоҳати умумии ноҳия 3656,0 км2 мебошад.
Ноҳияи Ишкошим аз Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров, Қозидеҳ, Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков, Ҷамоати деҳоти Зонг, Вранг, Птуп, Шитхарв, иборат буда, 45 деҳаро дар бар мегирад.
Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он дарёи Панҷ гузар мекунад.Водиҳои ноҳия ҳосилхез буда, дар онҳо маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол мешаванд. Баландии миёна аз сатҳи баҳр аз 2200 то 3600 метрро ҷойгир аст. Аҳолии ноҳия бошад 34,087 нафарро ташкил медиҳад.Зичии аҳолӣ дар ҳар як метри мураббаъ 7,8 нафар рост меояд. Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи январ -8,3о С ва моҳи июл + 19, 80 С, ҳадди боришоти миёнаи солона 94 мм мебошад.
Дар ноҳия 45 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз онҳо 33 адад муассисаҳои миёна, 4 адад асосӣ, 8 адад ибтидоӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд. Шумораи умумии хонандагон 5251 нафар мебошад, ки аз онҳо 2522 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба хонандагон 947 нафар омӯзгор, ки аз ин 570 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, таълим медиҳанд.
Ҳифзи саломатии мардум, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои табобатӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллӣ қарор дорад. Аз ин рӯ сол то сол сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, 32 муассисаи шифоиву пешгирӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 1 беморхонаи марказӣ, 9 маркази саломатӣ, 20 бунгоҳи тиббӣ, маркази мубориза бар зидди бемории сил, маркази Вируси норасоии масунияти одам, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази иммунопрофилактика, Маркази солимии репродуктивӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ, ташаккули маърифату маънавиёти мардум аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад. Айни ҳол дар ноҳия 52 адад муассисаҳои фарҳангу ҳунар, 1 адад хонаи фарҳанги маркази ноҳия, 1 адад Ансамбли тарона ва рақс, 1 адад Театри халқии ноҳия, 1 адад Маркази фарҳангӣ фароғатӣ, 6 адад хонаҳои фарҳангии деҳотӣ, 13 адад клуб, 27 китобхона, 1 адад китобхонаи бачагона, 1 мактаби санъат ва рассомӣ, 3 хона –осорхонаҳо, 2 адад хона осорхонаҳои ҷамъиятӣ амал намуда истодаанд ва 103 адад ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ мавҷуд мебошанд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 ба ноҳия 5185 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварда, аз манзараҳои зебои он дидан намуданд. Ёдгориҳои таърихӣ- фарҳангии ноҳия 103 ададро ташкил дода, ғайр аз ин дороии ноҳияро 26 адад чашмаҳои гарму шифобахш, зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш ва 5 адад осорхонаҳо ташкил медиҳанд. Барои қабули сайёҳон дар ноҳия 10 адад меҳмонхона, 22 адад ҳомстей, 2 адад тарабхона, 18 адад ошхона вуҷуд дорад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 ба ноҳия 5185 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварда, аз маназараҳои зебои он дидан намуданд.
Ёдгориҳои таърихӣ- фарҳангии ноҳия 103 ададро ташкил дода, ғайр аз ин дороии ноҳияро 26 адад чашмаҳои гарму шифобахш , зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш ва 5 адад осорхона ташкил медиҳанд. Барои қабули сайёҳон дар ноҳия 10 адад меҳмонхона, 22 адад ҳомстей, 2 адад тарабхона, 18 адад ошхона вуҷуд дорад.
Дар ноҳия чор адад филиалҳои бонкҳои ҷумҳуриявӣ ва як адад ташкилоти хурди қарзӣ (филиали № 72 – и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк, филиали Агроинвестбонк, филиали Тоҷиксодиротбонк ва филиали ташкилоти хурди қарзии “Рушди Кӯҳистон”) фаъолият дошта, ба аҳолӣ хизмарасонии бонкиро ба роҳ мондаанд.
Сол аз сол таъмини алоқа дар ноҳия рушд ёфта, ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз ҷумла, Тсел, Билайн, Мегафон, алоқаи барқӣ инчунин шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ дар хизмати мардум мебошанд, ки аз ин шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” 98,7%, телевизиони “Сафина” 89,5%, телевизиони “Баҳористон” 82,0%, телевизиони “Ҷаҳоннамо” 86,0% ва радиои “Садои Душанбе” 53 %-ро ташкил медиҳад.
Рӯзномаи “Зиндагӣ” ягона воситаи ахбори маҳаллӣ буда, мунтазам ҷиҳати ташвиқу тарғиби афкори сиёсӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияташро пеш мебарад.
Соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия аҳамияти бузург дорад. Дар ҳудуди ноҳия 439,9 километрро роҳҳои умумӣ ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 288,7 километр дорои аҳамияти байналмиллалӣ, 6,2 километр аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 145 километр дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.