Ҷамоати деҳоти Вранг соли 1927 таъсис ёфтааст. Аз сатҳи баҳр дар баландии 2790 метр қарор дорад. Масоҳати умумии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Вранг 41303,14 га- ро ташкил медиҳад. Ҷамъи аҳолии ҷамоати деҳот 6949 нафар мебошад.Ҷамоати деҳоти Вранг аз деҳаҳои Ямг,Внукут,Вранг, Инеф, Ниҷгар, Дриж,Ширгин иборат буда, маркази ҷамоати деҳот деҳаи Вранг мебошад. Шумораи умумии хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Вранг 739 то ро дар бар мегирад.Масофа аз маркази ноҳия то Ҷамоати деҳоти Вранг 85 километрро ташкил медиҳад.Худи масофаи ҷамоати деҳот бо дарозӣ ба ҳисоби 22 километр рост меояд.
Ҷамоати деҳоти Вранг аз шарқ бо Ҷамоати деҳоти Зонг, аз ғарб бо Ҷамоати деҳоти Птуп, аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва аз шимол бошад бо ноҳияи Роштқаъла ҳамсарҳад аст.Идораи маъмурии Ҷамоати деҳоти Вранг дар маркази деҳаи Вранг ҷой гирифта, 8 нафар хизматчиёни давлатӣ дар дастгоҳи ҷамоати деҳот фаъолият доранд, ки аз ин ҳисоб 4 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар самти соҳаи кишоварзӣ бошад майдони умумии замин 354,27га ро ташкил дода, аз он заминҳои корами обӣ 75,97 га, алафзор 9,05 га, буттазор 19,25 га,боғи мевадор 4,58 га, сояафкан 4,88 га ва дигари заминҳо 2,20 га- ро ташкил медиҳанд.Ҳамзамон дар ҳудуди ҷамоати деҳот ду адад хоҷагии деҳқонӣ яъне хоҷагии деҳқонии ба номи Ленин ва Мулоимбеков арзи вуҷуд дорад. Кишоварзӣ ва чорводорӣ шуғли асосии сокинони ҷамоати деҳот ба ҳисоб меравад.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Вранг 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 адад маркази рушди барвақтии кӯдакон бо фарогирии 280 нафар хурдсолон ва 15 нафар тарбиядиҳандагон, 1 адад боғчаи бачагона бо фарогирии 45 нафар кӯдакон ва 14 нафар кормандон ва мактаби варзишӣ бо фарогирии 15 нафар наврас фаъолият доранд.
Дар маркази ҷамоати деҳот филиали литсейи касбӣ техникии ноҳияи Шуғнон низ фаъолият карда истодааст.
Вобаста ба соҳаи тандурустӣ бошад айни ҳол 1 бемористони минтақавӣ дар деҳаи Вранг, 2 маркази саломатӣ ва 3 бунгоҳи тиббӣ вуҷуд дошта ба аҳолӣ хизмат менамоянд.
Оид ба соҳаи фарҳанг метавон қайд намуд, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Вранг маркази фарҳангӣ, 5 китобхона,1 мактаби санъат ва 1 хона осорхона мавҷуд мебошад.ёдгориҳои таърихии Маъбади Буддои ва ғорҳои Вранг, қаълачаи Вранг, тақвими сангин ва катибаҳои рӯисанг буда, 3 адад обҳои минералӣ ва 1чашмаи шифобахш низ дар ҳудуди ҷамоати деҳот ҷой гирифтаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Вранг филиали “Амонатбонк” ва филали бонки “Рушди кӯҳистон” арзи ҳастӣ дошта, ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои савдо рушд ёфта, айни замон дар ҳудуди ҷамоати деҳот 6 адад меҳмонхонаҳо,ду адад маркази хизматрасонии дилерӣ, 2 адад маркази савдо,29 адад мағоза,1 адад ошхона, 2 адад дорухона,3 адад нуқтаи фӯруши сӯзишворӣ,14 адад осиёб, дорухонаи бойторӣ, сехи дӯзандагӣ,схи коркарди чӯб, сехи коркарди масолеҳи пластикӣ ва истеҳсолӣ семент- блок, 3 адад суратгирхона,сехи ҳунарҳои мардумӣ, 2 адад нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт ва ду адад гармхона бунёд гардида кору фаъолият доранд.