Ҷамоати деҳоти Вахон аз 10 октябри 1923 ин ҷониб арзи вуҷуд дошта, маркази маъмурии он дар деҳаи Шитхарв – и ноҳия Ишкошим, ВМКБ ҷойгир мебошад, масофаи ҷойгиршавии он аз маркази вилоят, яъне шаҳри Хоруғ дар шарқу шимол дар масофаи 164 км ва аз маркази ноҳия и Ишкошим бошад дар шарқу шимол дар масофаи 52 км ҷойгир аст. Масоҳати умумии Ҷамоати деҳоти Вахон 66751, 70 га ро ташкил дода, он аз ду деҳаҳо иборат мебошад ки инҳо деҳаҳои Даршай ва Шитхарв мебошанд, аҳолии умумии ҷамоати деҳот ба ҳолати 1.01.2019, 2377 нафарро ташкил медиҳад. Дар Ҷамоати деҳоти Вахон 286 га замини обӣ, 43, га заминҳои наздиҳавлигӣ , 13 га боғ, 400 га ҷангалзорҳои хоҷагии ҷангал ва 400 га чарогоҳҳо мавҷуда мебошанд. Шумораи умумии идораву муассисаҳои фаъолият дошта дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Вахон дар умум 18 ададро ташкил дода аз ин шумораҳо 2 адад хоҷагиҳои деҳқонии “Вахон” ва “Ҳақиқат”, 2 адад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 376 нафар хонанда, 1 адад маркази саломатӣ, 1 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 хонаи фарҳанг , як адад клуби деҳотӣ, 2 адад китобхона , як адад кӯдакистон бо фарогирии 30 нафар кӯдакон, 2 адад стансияи телевизионӣ, ва 1 нуқтаи хизматрасонии филиали “Амонатбонк” барои хизматрасонӣ барои 260 нафар нафақахӯрон ва аҳолии ҷамоати деҳот мавриди амал қарор доранд. Ба хонандагони муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди ҷамоати деҳот 62 нафар омӯзгорон машғули кори таълиму тарбия мебошанд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот 20 корхонаҳои хурду миёна саноати кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 1 адад сехи хурди дӯзандагӣ бо ҷалби 10 нафар бонувони дӯзанда, 2 адад коргоҳи хурди оҳангарӣ ва кафшергарӣ, 2 адад корхонаи хурди коркарди чӯбу тахта бари истеҳсоли дару тиреза, мизу ҷевон ва дигар ашёҳои рӯзгор, 12 адад осёбҳои обӣ, 1 адад дастгоҳи пахтатозакунӣ, 1 адад нуқтаи хурди таъмиру барқарорсозии асбобҳои техникӣ аз қабили (телевизор, компютер, телефон), 1 адад осёби барқӣ ва 1 суратгирхона мавриди фаъолият қарор доранд. Шумораи умумии мағозаҳои тиҷоратии дар ҷамоати деҳот буда 6 ададро ташкил медиҳад.
Мавқеи ҷойгиршавии Ҷамоати деҳоти Вахон дар байни ҷамоатҳои деҳоти Р.Юсуфбеков. Птуп ҷойгир медошад, ки масофаи роҳи ҳудуди ҷамоат 18 км – ро ташкил медиҳад
Ёдгории таърихии Ҷамоати деҳоти Вахон ин қаълачаи Даршай ҷойгир мебошанд.