ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ МУҲТАРАМ ИМАТШОЗОДА АНВАР ИМАТШО БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 34-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо, сокинони сарбаланди ноҳияи Ишкошимро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ин ду санаи муҳими таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон мақоми хосса дошта, рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, дар яке аз ҳассостарин марҳилаҳои таърихи миллат барои наҷоти давлатдории миллӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи устувор гузошт.
Маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, масъулияти бузурги роҳбарии давлатро дар шароити ниҳоят мураккаб ба зимма гирифтанд. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ гардид.
Дар ин раванд саҳми Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Бо иродаи қавии сиёсӣ, хиради волои давлатдорӣ, ҷасорату матонат ва талошҳои пайгирона тавонистанд миллати парешонгаштаро муттаҳид намуда, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш созанд ва ба раванди барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар замина гузоранд.
Маҳз таҳти роҳбарии Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон роҳи пурифтихори сулҳу ваҳдат, бунёдкориву созандагӣ ва пешрафти устуворро тай намуда, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва дорои мавқеи устувор шинохта шудааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди муқаддастарин ва бузургтарин арзиш мебошад».
Ин андеша моро водор месозад, ки сулҳу субот, ягонагии миллат ва истиқлолияти давлатиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намуда, барои таҳкими онҳо пайваста талош варзем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷассумгари эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Сарвари давлат ва қадршиносии нақши роҳбарияти олии мамлакат дар бунёди давлати муосири тоҷикон мебошад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мо, сокинони ноҳияи сарбаланди Ишкошим, ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони азиз вазифадорем, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, меҳнати содиқона, ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ дар пешрафту ободонии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Боварии комил дорам, ки бо иттиҳоду сарҷамъӣ, эҳтироми ҳамдигар, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва меҳнати софдилона метавонем барои рушди минбаъдаи ноҳияи Ишкошим, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити арзандаи наслҳои оянда корҳои назаррасро амалӣ намоем.
Бигзор, ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва садоқат ба Ватану миллат дар қалби ҳар як сокини кишвар ҳамеша пойдор бошад.
Дар ин рӯзҳои пурифтихор ба ҳар як хонадони сокинони ноҳияи Ишкошим сулҳу оромӣ, файзу баракат, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор, парчами истиқлолият ҳамеша парафшон, ваҳдати миллӣ ҷовидон ва Тоҷикистони азизамон боз ҳам ободу сарсабз бошад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром,
ИМАТШОЗОДА АНВАР ИМАТШО
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
