МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ САВГАНДЁДКУНИИ САРБОЗОН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 0411 ҚС КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ
Дар қисми ҳарбии 0411 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Ишкошим Назарзода Душанбе Назаршо, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти қисми ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва падару модарони наваскарон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Назарзода Душанбе Назаршо сарбозони ҷавонро ба муносибати савганди ҳарбӣ ёд карданашон самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, садоқат ба давлату миллат ва иҷрои софдилонаи қарзи ҳарбӣ вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.
Ҳамзамон, ба сарбозон дар роҳи хизмати содиқона, интизоми намунавӣ, омӯхтани донишҳои ҳарбӣ ва ҳифзи амнияти давлату ҷомеа барору комёбиҳо таманно карда шуд.
Савганди ҳарбӣ барои ҳар як сарбоз рамзи садоқат, ҷавонмардӣ, масъулият ва омодагии ҳамешагӣ барои ҳимояи Ватани азиз мебошад.