БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ
13 ноябри соли 2026 тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз ва нақши он дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия муовини раиси ноҳияи Ишкошим Назарзода Душанбе Назаршо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулшан Муллоева, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони идораву муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим Гулшан Муллоева оғоз гардида, мавсуф оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, нақши он дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори кишвар ибрози андеша намуд.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Ишкошим Назарзода Душанбе Назаршо дар мавзӯи «Рӯзи Президент — рамзи сарҷамъӣ, давлатдорӣ ва сарнавиштсозии миллат» суханронӣ намуда, аз аҳамияти бузурги ин санаҳои таърихӣ ёдовар шуд.
Зимни баромади худ таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз марҳилаҳои ҳассостарини таърихи давлатдории тоҷикон баргузор гардида, барои наҷоти давлат, барқарории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор гузошт.
Ҳамзамон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шодӯстмамадова Бибиҳаво, мудири шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона Холдорзода Ашам ва корманди Китобхонаи марказии ноҳия Шоҳтаманноева Нилуфар бо маърӯзаҳои худ дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуда, паҳлуҳои муҳими таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоии Иҷлосияи XVI-ро мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор рафта, таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ мебошанд.


