Экстремизм ва терроризм аз хатарноктарин мушкилоти ҷаҳони имрӯза ба шумор рафта, мутаассифона кам андар кам кишваре ёфт мешавад, ки аз зуҳуроти ин бемории аср азоб накашида бошад. Дар ҷомеаи имрӯза мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ҳамчун ду таҳдиди ҷиддии амниятӣ ба кишварҳои дунё зуҳур намуда,таъсири онҳо на танҳо ба иқтисоду иҷтимои кишварҳо, балки ба устувории зеҳнӣ, ахлоқӣ ва умумибашарии инсоният низ мерасад. Қариб дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ба шумор мераванд, аммо амалҳои террористӣ , ки дар ин ё он минтақаи ҷаҳон амалӣ мегарданд, имрӯз таҳдиду хатар ба ҷони инсонҳо оварда истодаанд.
Ҷумҳурии мо ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо зуҳуроти номатлуби терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ гардида буд, яъне ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани миллати тоҷик дасти ҳамин гуруҳҳои террористӣ буд, ки ҷони зиёда аз 150000 нафар инсонҳоро аз байн бурд. Бинобарин кишвари мо аз нахустин рӯзҳои давлатдориву давлатсозии худ дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти чӣ минтақа ва чӣ ҷаҳон саҳми ҷиддӣ гузошта истодааст.Сарвари давлати тоҷикон вобаста ба пешгирӣ ва решакан намудани терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо иштирок ва суханронӣ намуда, аз минбарҳои баланд онро маҳкум намудааст.
Баъд аз ду соли ба анҷомрасии ҷангӣ таҳмилӣ, ки он низ “маҳсули дасти” терроризм ва экстремизми динӣ буд, дар кишвари мо, яъне соли 1999 Қонун “Дар бораи мубориза бо терроризм ” ва соли 2003 Қонун “Дар бораи мубориза бо экстремизм “ қабул гардиданд, ки қабули онҳо барои кишвар имконоти кушодеро дар таҳким бахшидани мубориза бо терроризм ва экстремизм ба вуҷуд овард. Кишвари мо инчунин аксари санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зиддитеррористии аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабулгардидаро пазируфт ва мавриди тасдиқ қарор дод. Инчунин моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси кишвари мо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки номи “Раванди Душанбе”-ро гирифтааст, доир гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар минтақаи мураккаби геополитикӣ ҷойгир шуда, барои муқовимат бо терроризму экстремизм аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода бурда истодааст. Дар давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон, ки қариб 1400 километр сарҳади давлатӣ бо он дорем ва зиёда аз 40 сол ба макони ҷангу амалҳои ваҳшиёнаи террористӣ табдил ёфтааст , имрӯз берун аз хоҳишҳои мардуми ин сарзамин бисёр созмонҳои террористӣ ҷой гирифтаанд, ки мутаассифона таҳдиди бевосита ба ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аст.Ин созмонҳо имрӯз бо тамоми ғайраташон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд, ки идеологияи нодуруст ва бепояи экстремистиро ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ҳарчӣ бештар таблиғ намоянд, убури ғайриқонунии сарҳадро ба роҳ монанд, қисмати ноогоҳи ҷомеа, бахусус ҷавононро, ки фаҳмиши комили динӣ надоранд,ба сафҳои худ ҳамроҳ намоянд.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд:”Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст”. Бо такя ба ин гуфтаҳои роҳбари давлат, ки ҷавоби дандоншикане барои иддае аз коршиносон, ки Исломро бо терроризм тавъам медонанд, моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода,ҳамеша зидди ҳуҷумҳои иттилоотии гуруҳҳои ифротӣ мубориза барем, доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем,ба қадри неъматҳое чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расем,арзишҳои муқаддаси давлатдориро пос дорем ва ин чизҳоро на бо сухан, балки бо меҳнати софдилона дар ҳамаи соҳаҳо тақвият бахшем, бепарво ва бетараф набошем, сулҳу субот ва амнияти Ватани азизамон-Тоҷикистонро нигоҳ дорем. Мубориза бо терроризму экстремизм фақат вазифаи мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, он имрӯз тақозои ҳамгироӣ ва ҳамбастагии мардумро дорад. Танҳо дар якҷоягӣ, дар ҳамфикрӣ ва ҳамбастагӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ мо метавонем дар барқарории сулҳу субот ва фазои амниятии кишварамон коре карда бошем.
Марг ба террористон!
Ҷовидон бод сулҳу амонӣ дар ҷаҳон!
А. Холдорзода – мудири шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи МИҲД – и ноҳияи Ишкошим.

