Картошка зироати иқлими муътадил ба шумор рафта, дар ноҳияҳои миёнакӯҳ ва баландкӯҳи Бадахшон, ки тобистони салқин дорад кишт карда мешавад ва ҳосили хуб медиҳад. Лӯндаҳои шинонидашудаи картошка дар ҳарорати 6-80 С ба сабзиш сар мекунад. Дар ҳарорати 15-160 С майсаҳои навъҳои тезпаз ва миёнаву барвақти баъди 12 – 15 рӯз сабз мешаванд, навҳои миёнапаз, миёнаи дерпаз ва дерпаз баъи 20 – 30 пайдо мешаванд.
Бояд қайд кард, ки навъҳои тезпаз ва миёнаву барвақти нисбати навҳои миёнапаз, миёнаи дерпаз ва дерпаз давраҳои вегетативиашон тезтар гузашта пухта мерасад. Ҳарорати 20-250 С барои ҷараёни фотосинтез, сабзиш ва инкишофи растанӣ мусоид мебошад, ҳарорати -30 С паст ва +300 С баланд шудани ҳарорат нашъу нумӯъи зироати картошкаро боз медорад. Дар ин муддат крахмали таркиби лунада ба қанд табдил ёфта мазаи ширин мегирад. Дар суръати давом ёфтани гармиҳо ва сардиҳои ғайри муқарарӣ лӯнадҳои тухми ба инқироз дучор шуда бӯи ғализ мегиранд. Мушоидаҳо нишон доданд, ки ҳангоми баландшавии ҳарорати ҳаво дар моҳҳои июн ва июл, ки ба давраи нашъу нумӯъ ин зироат рост меояд ба зиёдшавии касалиҳои вирусӣ меорад, ки сабаби инқирози лундаҳои картошка ё вайроншавии картошка мегардад. Картошка растании равшанидуст мебошад. Дар ҷойҳои соягӣ танаи он борику дароз мегардад ва қобилияти гулкуни ва ҳосилбандии он суст мегардад. Дар натиҷа ба ҳосилнокии картошка таъсири манфӣ мерасонад. Дар давраи авҷи сабзиши буттаи растанӣ, гулкунӣ ва ибтидои пайдоиши лундаҳо талаботи растани ба нами меафзояд. Намии муносибтарин дар ин давра бояд то 70-80% ва дар давраи пайдоиши лундаю ғуншавии оҳар 60-65% бошад. Одатан, агар ҳосил зиёд шавад, коэффисенти транспирасия паст мебошад. Картошка растании рушноидуст буда, аксарияти навъҳои он растании дарозруз мебошанд. Картошка нисбати ғизои замин серталаб аст. Решаи картошка аз хок фосфорро нисбат ба дигар унсурҳои ғизои бештар мегирад. Ин зарурияти бо меъёри зиёд андохтани нуриҳои нитрогендор ва калийдорро тақозо мекунад. Норасогии азот қадкаши ва маҳсулнокии фотосинтези картошкаро суст намуда, миқдори крахмал дар таркиби лундаҳо ва ҳосилбандии зироат кам мегардад. Агар азот зиёд шавад, баландшавии танаи картошка сар мезанад ва давраи нашъу нумӯ кашол меёбад. Агар фосфор кам бошад, афзоиши растани маҳдуд мешавад ва сифати лундаи картошка паст мешавад. Бо таъмин будани хок аз фосфор инкишофи растании картошка тез мешавад. Калий картошкаро ба касалиҳо тобовар намуда, қобилияти амборнигаҳдории онҳоро зиёд мекунад. Бо норасогии калий дар давраи нашъу нумӯи картошка аввал тагбаргҳои пояҳои картошка зард шуда, баъдан ба қисмҳои болоии баргу пояи растании картошка гузашта хушк мешавад. Мавҷудияти муҳими элементи калий дар вақти лӯндапартои ва фазаҳои гуногуни физиологии растании картошка дар он аст, ки мубоддилаи модаҳои органекӣ ва ғайри оргагнекиро аз хок ба реша, аз реша ба появу баргҳои растани тавассути бофтаҳои гузаронанда мӯътадил нигоҳ медорад. Дар суръати мавҷуд набудани калий дар таркиби хок ҷабиши моддаҳои ғизои аз хок тавассути реша пурзур гашта модаҳо минерали одатан то ҷамъовари ҳосил дар хок боқи мемонад, гузариши моддаҳои таҷдидшударо дар лӯндаҳои картошка боз медорад, ҷамъшавии крахмалро дар таркиби лӯндаҳои картошка паст менамояд. Барои кишти картошка хокҳои муҳиташон камтар турӯш (PH 5-6) хуб мебошад. Хокҳои муҳиташон шур, вазнин нағз инкишоф намеёбад.
Барои самаранок истифодабарии нуриҳои орагнекӣ – поруи маҳҳалӣ, минералӣ – фосфор, суперфосфат ва дастрасии решаи растании картошка, шудгори босифати тирамоҳи дар чуқурии 35 то 40 см ва андохтани нуриҳои оргенекии нимпусида аз рӯи 30 то 40 т/га фосфор, суперфосфат 250 то 300 кг/га мувофиқи мақсад мебошад.Нуриҳои нитрогендор ва маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ (МНМ) ҳамчун ғизои иловаги дар вақти коркарди байни қаторҳо истифода карда мешавад.
Интихоби навъҳои навъи тухмии хушсифати картошка ва давомнокии давраи нашъу намо ба тезпазак (70-80 рӯз), миёнаву барвақтӣ (80-90 рӯз), миёнапаз (110-120 рӯз), миёнаи дерпаз (120-130 рӯз) ва дерпаз (135-160 рӯз) ҷудо мешаванд. Фазаҳои гуногуни физиологӣ ва вегетативии растании картошка ба навъи он, шароити хок, иқлим ва риояи низоми қоидаҳои агротехникӣ вобаста мебошад. Хушкшавии барг ва поя фаққат ба навъҳои тезпаз хос буда, навъҳои дерпаз баргу пояи хешро то фарорасии хунукиҳои фасли тирамоҳ нигоҳ медорад. Нишонаҳои асосии пухта расидани ҳосил аз рӯи аломатҳои ба охир расидани ҷараёнҳои физиологӣ ва ғавсшавии пусти лӯндаҳои картошка муайян мекунанд.
Аз тадқиқотҳои илми бармеояд, ки истифодаи поруҳои органики дар шудгори тирамоҳӣ самараи хуб медиҳад. Истифодаи нуриҳои фосфори ва калидор асосан дар давраи шудгори асоси ва давраи кишт тавсия мегардад. Истифодаи нуриҳои нитрогени бошад дар озуқадиҳии иловаги дар давраҳои муайяни инкишофи растани самаранок мебошад. Истифодаи давраи аввали нуриҳои азоти дар давраи каланди якум ва навбати дуввум бошад дар вақти кашидани ҷуякҳои асосии зироати картошка (окучка) бамаврид мебошад.
Поруи маҳали ғайр аз мамбаҳои элементҳои ғизои буданаш боз нисбати беҳдошти хусусиятҳои физики ва физики-кимёвии хок аҳмияти калон дорад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки поруи маҳалиро дар зимистон ва баҳор барвақт бароварда, дар ҷойи махсус захира намуда, аз хокистар ва хоки бегона болояшро пошидан шарт ва зарур аст. Бо ҳамин усул пору хуб пусида, баъдан дар баҳор пеш аз шудгори замин истифода бурдан бамаврид аст.
Мавҷудияти модаҳои асоси дар таркиби нуриҳои органекӣ
№
б/б
Намуди моддаҳои органики
Таркиби моддаҳо кг дар 1 тонна
N
P2O5
K2O
1
Саргини парранда
34
16
8
2
Поруи бузу гусфанд (хушк)
16
5
14
3
Поруи бузу гусфанд (тар)
8
2,5
7
4
Компост
3-13
2,5
0,8-3
5
Хоки бегона
2,5
3,6
0,4-1
6
Хокистар
0,1
0,2
3-5
1. Саргини парранда чи хонаги ва чи ёбои бошад нурии аз ҳама пурқимат ба шумор меравад. Таркиби он дар шакли зерин аст. (бо ҳисоби %)
Об – 56; Азот – 1,5; Фосфор – 1,8; Калий – 0,9; Оҳан 2,4; Магний 0,7 Ба ҳисоби миёна дар як сол аз як мурғ 5-6 кг ва паррандагони ёбои аз 8-9 то 10-11 кг саргин гирифтан мумкин аст. Саргини парранда нисбат ба пору тезтар ҳазм мешавад, барои ҳамин ин намуди поруро ҳам дар вақти шудгор ва ҳамчун ғизои иловагӣ истифода мебаранд.
2. Поруи омехтаи якҷояи ахлоти сахт ва моеъи чорво вобаста аз сифати хурока мебошад. Дар ҳолати сахт (фекал) 0,29% – азот, 0,17% – фосфор, 0,1% – калий ва 0,35% – калсий мебошад.
3. Компост – ин омехтаи гуногуни нуриҳои органикии пасмондагиҳои органикии хоҷагидорӣ, барг, шохчаҳои майда, ки ҳангоми нигоҳдории дар просесси биологи мегузарад, ки имконияти ҳазмшавии элементҳои ғизоии моддаҳои органики ва минерали ба вуҷуд меояд. Компостро дар баҳору тобистон ва тобистону тирамоҳ бо намнокии то 50 -70% тайёр мекунанд. Маҳсулот барои копмост дар шароити маҳали мо хелоҳам фаровон аст. Ин боқимондаи растаниҳо, барги дарахтон, ахлоти ҳархела, пору, хок, хокистар, наҷосоти одам, аррамайда ва ғ… шуда метавонад. Дар шароити мо ду намуди тайёрк ардани компост мавҷуд аст. Дар чуқурии кандашуда яъне чоҳ ва дар замини кушода. Дар ҳар ду маврид мо бояд болоашро бо хок махкам пушонда об пошидан лозим аст, зеро ки ҳарорату намии якхела дошта бошад.
Истифодаи лӯндаҳои яклухт 45 -80 г аз рӯи 2,5 – 3 т/га мувофиқи мақсад мебошад. Баровардани лӯндаҳои тухми аз амборхонаҳо ва рост намудан дар фарш бо усули 2 – 3 қаторӣ дар бинои равшан мӯҳлати то 10 – 15 рӯз дар ҳарорати 12 – 14 0С то 1,5 -2 см неш заданашон нигоҳ доштан зарур аст. Дар ин муддат лӯндаҳои носолим ва захмдошта, ки неш набароварданд дур кардан лозим аст. Афзалияти дигари ин усул дар он аст, ки лӯндаҳои тухми 15 – 20 % и намии худро кам карда мулоим мешавад, ки ин ба мубодилаи фаъоли биологии дохили лӯнда таъсири мусби расонда баъи кишт 3 -5 рӯз решарониро ба субут расонида, сабширо метезонад. Коркарди тухмӣ пеш аз кишт яке аз шартҳои зарурӣ ба шумор рафта омили баланд бардошатаи ҳосилнокӣ то 20 % мебошад. Тарзи омода намудани маҳлул: (деҳқон бояд аз либоси махсус, респиратор айнакҳои махсус ва даспӯшакҳои резини истифода намояд) 10 л оби ширгарм дар ҷогаҳои махсус бо илова намудани ТАЙФУН 0,05 г барои 100 кг лӯндаҳои тухми пешбини шудааст. Лӯндаҳои тухмиро дар турхалтаҳо ё усули шустан ва нигоҳ доштани лӯндаҳои тухми дар маҳлул мӯҳлати 10 дақиқа мувофиқи мақсад мебошад.
Нақшаи кишти картошка бояд 60 – 65 см байни ҷӯякҳо ва 25 -30 см байни лӯндаҳои тухми бошад, дарозии ҷӯякҳо набояд аз 50м зиёд бошад. Усули аз ҳама қулай дар вақти шинондан дар шароити мо истифода аз техникаҳои махсус (трактор, мотоблок ва барзагов) мебошад, чунки лӯндаҳои киштшаванда дар чуқуриҳои якхела то 10 -12 см хокпӯш карда мешавад, ки ин сабзиши якхелаи картошказорро таъмин мекунад. Намнокии муносиб дар ин давра на бояд аз 20 % зиёд бошад. Бо пурра сабз шудани картошказор баландии майса 10 – 12 см коркарди якуми байни қаторҳо бо хоккаш кардани чуякҳо ва додани ғизои иловаги нуриҳои нитрогенӣ аз рӯи меъёри 200 кг/га дар навбати аввал 50% ва обдиҳи баъди коркард ба манфиати кор мебошад. Коркарди дуюми байни қаторҳо пеш аз муғчабандӣ ва гулкуни гузаронида мешавад, дар коркарди дуюм бо каланд ё барзагов мулоим намудани байни қаторҳо додани ғизои иловагӣ агар зарурат бошад 50 % -и нуриҳои нитрогенӣ мувофиқи мақсад мебошад. Ба сифати нуриҳои нитрогени истифодаи шарбат аз саргини паранда, поруи чорво дар ҷогаҳои калон, ки 10 -15 рӯз пештар тайёр карда шудааст, баъди кашидани ҷӯякҳои асоси ва обдиҳӣ ба картошказор ба манфиати кор мебошад. Тарзи тайёр кардани шарбат: дар ҷогаи калон 200 л ба миқдори 130 об 50 кг саргини парранда ё поруи чорво бо иловаи гумати хоки 1 кг, муддати 10 рӯз бо селован чогаро макам карда бади додани об ба картошказор шарбатро дар ҳар ҷӯяк бо сатил рехтан лозим аст. барои шуста нашудани шарбат аз ҷӯякҳо дар масофаи ҳар як 5 метри дар даруни ҷӯякҳо аз саргини чорво (тапакҳо) мондан лозим аст, чунки дар давраҳои минбаъдаи обдиҳӣ шираи шарбат дар ҷӯякҳо боқи монда барои бастани ҳосил ва давраҳои минбаъдаи инкишофи картошказор таъсири мусбӣ расонда барои то 10 – 15 % баланд бардоштани ҳосил мусоидат мекунад.
Ҷамъоварӣ ва борҷомакунӣинчунин амборнигаҳдорӣ ҳосили картошка яке аз шартҳои зарури ба шумор меравад. Баъди пурра пухтани ҳосил, ғавс шудани пусти лӯндаҳо картошказор пурра аз боқимондаҳои хушкшудаи буттаҳои картошка тоза карда шуда ҷамъоварии ҳосил оғоз меёбад. Дар вақти ҷамъовари лӯндаҳои картошкаро аз рӯи таъиноташон ба хурока, тухми ва лӯндаҳои ҳаҷман майда. Барои хуб нигоҳубин дар амборхонаҳо лӯндаҳои картошкаро дар ҳаои кушон хушк кардан лозим аст. Лӯндаҳои тухмиро бошад то сабзчатоб шуданашон дар ҳавои кушод нигоҳ доштан лозим аст, чунки қабати муҳофизатии пуст аз ҳисоби моддаи зарнок (соланин) қави шуда дар амборхонаҳо бо усулҳои зерин нигоҳ дошта мешавад: дар тӯрхалтаҳо, дар рафҳо, дар сандуқҳои чӯбин ва пласмасӣ, рехтан дар фаршҳо, ғарам набояд аз 1 -1,5 м баланд бошад. Амборхонаҳоро пеш аз нигоҳдории картошка бо маҳлулҳо бо мақсади безарар кардан аз замбурӯғҳои пупанаки онҳоро бо оҳак тариқи илова намудани купороси мис (100-120г дар 10 л об) ба манфиати кор аст. (Нурел-Де, БИ-58). Амборхонаҳо ва ё тахонаҳо, ки барои нигоҳдошти картошка пешбини шудаст, дорои ҳавокашҳо ва шамолдиҳи бошад. Барои пешгирии сабзиши пеш аз мӯҳлати картошка дар шароити амборхонаҳо аз таг ва болои картошкаи нигоҳдошташаванда дар андозаи 1 -2 см алафи пудина мехобонанд, ки ин омил аз сабзиши пеш аз муҳлати картошка дар амборхонаҳо ва дигар заррарасониҳо мусоидат мекунад. Нақша – харита оиди мушоҳидаҳои физиологӣ, давраи ҳайётии растании картошка
Фазаҳои фенологӣ
Хусусиятҳо
Мӯҳлат/рӯз
Эзоҳ
Таёйр намудани тухмӣ барои кишт
Муддате пеш аз кишт берун овардани тухмӣ аз амборхонаҳо дар бинои равшан дар фарш бо усули ду се қабат тумиҳо рост карда шуда, то неш заданашон 0,7 – 1 см нигоҳ доштан лозим аст.
10
Лӯнда то 20 % намии худро сарф мекунад. Мубодилаи фаъоли биологӣ дар дохили лӯнда ба амал меояд.
Шинондан, сабзиш
Дар мӯҳлатҳои муайяни давраи кишт тухмии картошкаро мешинонанд ва лӯндаҳои картошка дар ин давра реша медавонанд.
10
Ҳарорат дар чуқурии 10 – 12 см то 8 – 10 0С бошад. Намноки хок 20 %
Сабзиш, муғчабандӣ
Баъди мустаҳкам шудани лӯндаҳо дар қабати хок (чуқурии то 12 см) решадавонӣ мекунанд, лӯндаи картошка то 30% намнокии худро аз даст дода муболилаи фаъоли биологӣ дар лӯнда ба амал омада, таввасути реша аз хок моддаҳои аввалияи ғизоиро ҷабида ба сабзиши сар мекунад. Дар қабати болоии ҷӯякҳо баргҳои аввалини картошка намудор шуда баъдан инкишоф меёбанд.
8
Аввал замин аз алафҳои бегона тоза карда шавад. Хок бояд аз кулухҳо нарм карда шуда нармии хок то чуқурии 25 – 30 см таъмин карда шавад. Намнокӣ 50 % бошад
Муғчабандӣ, гулкунӣ
Аз майсаҳои сабзидашудаи картошка аввал барг ва баъдан поя айён гашта инкишоф меёбад. Як лӯндаи солими картошка аз 1 то 8 танна мебандад, ки ин аз миқдори қоши лӯнда (чашмакҳо) ва навъҳои навъи картошка вобастагӣ дорад.
Растани инкишоф ёфта дар шохчаҳои растани аввалин мӯғчаҳо пайдо мешаванд. минбаъд аз мӯғчаҳо гул мешукуфад.
10
Дар ин давра коркарди якуми байни қаторҳо гузаронида шавад. Намнокӣ 70 % бошад
Гулкунии умумӣ
Гукунӣ дар растании картошка якхела набуда фарқият байни намунаҳо ва навҳои картошка мушоҳида карда мешавад..
10
Намнокии то 80 % таъмин карда шавад.
Давомнокии гулҳо
Вобаста аз гулкунии аввалин то пурра гулкунии картошказор давомнокии гулҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
15 – 30
Намнокии то 80 % таъмин карда шавад.
Ба охир расидани гулкунӣ (пажмурдашавӣ)
Баъди ба охир расидани пажмурдашавии гулҳо вобаста аз навъҳои навъи картошка, ки ғӯра ҳосил мекунанд, аз ҳамдигар фарқкунанда мебошад.
10
Замин мунтазам аз алафҳои бегона тоза карда шуда коркарди дуюми байни қаторҳо ва ғизодиҳии иловаги таъмин карда шквад. Намноки 70 %
Меваҳосилкунӣ ёғӯрабандӣ
Дар ҷойи гул мева ҳосил мешавад, ки онро минбаъд ғӯра меноманд ва аз тухмиҳои аслии картошка иборат мебошад. Миқдори тухмиҳои аслӣ дар ғӯра 80 то 120 дона
15
То инки ғӯра пухта расад (то сурх шуданаш) бояд ба танаи картошка баста шавад. То инки ба заин наафтад. Намноки 60 %
Нашъу намои дуюмбора
Растани баъди пажмӯрдашавии гул ва ҳосил шудани ғӯра нашъу нумӯъ мекунад.
Обдиҳиро ба замин кам кардан лозим аст. Миқдори намноки 40 %
Хушкшавии растанӣ
Муддате баъд аз нашъу нумӯъ аввал баргҳои поёнӣ, баъдан баргҳои болоӣ билохир пояи растани хушк мешаванд.( ҳамаи растаниҳои як сола)
12
Намноки хок 30 % нигоҳ дошта шавад.
Давраи баъди нашъу нумӯъ
Дар ин давра замин бояд аз пасмондаҳои хушкшудаи растани тоза карда шавад. Ин амал бояд дасти суръат нагирад, (кандани растанӣ) чунки дасти иҷро кардани ин амал метавонад ба кандашавии лӯндаҳо оварда расонад, ки минбаъд лундаҳо руи замин баромада аз таъсири омилҳои беруна (ҳарорат, шӯъҳои офтоб ва шамол) вайрон мегарданд. Ин амалро бо ёрии ҳолотҳои дасти дос, косилка иҷро кардан мувофиқи мақсад мебошад.
5
Намноки то 20 % – ро ташкил диҳад.
Давраи расиш (ҷамъоварӣ)
Баъди оне, ки замин аз пасмодаҳо тоза (даравида) шудан, чанд муддат баъд ҳосили картошка ҷамъоварӣ карда шавад. Ҷамъоварӣ асосан бо техника (копатель) ва бо ёрии барзагов суръат мегирад.
3
Лӯндаҳо пӯхта мерасанд. Қабати берунии (муҳофизатӣ, пӯст) лӯндаҳо қавӣ мешавад.
Амборнигаҳдорӣ
Баъди ба итмом расидани ҷамъоварӣ лӯндаҳои картошка ба қисматҳо ҷудо карда шуда (тухмӣ, хӯрока ва вайрон) муддате дар ҳавои кушод нигоҳ дошта шавад.
3 – 6
Аз ҳисоби омилҳои беруна (ҳарорат, нури офтоб) лундаҳои картошка рангашон дигар шуда сабзчатоб мешаванд, ин аз ҳисоби модаи заҳрнок соланин мебошад. Қобилияти муҳофизатиро дучанд маротиба зиёд мекунад.
ҚАНОАТ БОЙМАМАДОВ
ХОДИМИ ИЛМИИ ОЗМОИШГОҲИ
ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯИ РАСТАНИҲОИ
ИНСТИТУТИ БИОЛОГИИ ПОМИР АМИТ
ПОЙГОҲИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ