Тибқи дастур ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон дар ҳайати вазаири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғаффор, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчунин ба ноҳияи Ишкошим низ сафари корӣ анҷом доданд.
Дар рафти ин сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва гуруҳи корӣ нахуст аз рафти бунёди боғ дар деҳаи Яхшвол ва усули обёрии он тариқи насоси офтобӣ дидан намуда аз рафти корҳои анҷомдодашуда аз наздик шинос гардиданд.Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вусъати корҳои ободонӣ дар боғи бунёдгардида ба маъсулин дастур ва супоришҳои мушаххас доданд.
Дар маркази ноҳияи Ишкошим гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замини ҷудогардида барои бунёди маркази техникии “Тоҷикагролизинг” боздид ба амал оварда, ҷиҳати дар муҳлатҳои наздик оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур маъсулинро мувазаф намуданд, ки дар ин самт чораҳои амалӣ ва саривақтиро ба роҳ монанд.
Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода аз рафти наъшунамои кишти ғалладонагӣ ва картошкаи хоҷагиҳои деҳқонӣ инчунин заминҳои киштгардида аз ҷониби хоҷагии ёрирасони қисми ҳарбии 0411-и ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим, аз мавзеи ниҳолпарварӣ ва Пойгоҳи тадқиқотии Институти биологии Помир воқеъ дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим дидан ба амал оварда, вобаста ба беҳтар намудани наъшунамои кишт бо маъсулин мулоқот анҷом доданд.