Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ишкошим низ 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи зарурӣ ва ботантан таҷлил гардид.
Нахуст аз баргузории ҷамъомади тантанавӣ ҳамоиши идона бо иштироки зиёди сокинон ва кормандони идораву муассисаҳо баргузор гардид.
Дар чорабинии идона муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳайси намояндагӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок дошта, нахуст аз ҳама ҳайати расмӣ ва меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ,сайёҳӣ ва кишоварзӣ дидан намуданд.
Бо садо додани Суруди Миллӣ ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид.Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад мардуми шарафманди ноҳияро ба ин санаи хело ҳам муҳиму таърихӣ табрику таҳният намуданд.
Носирзода Умедҷон муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ намуда табрикотӣ раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердиро ба саҳми сокинони ноҳия расониданд.
Ҳамчунин барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ якқатор фаъолон ва собиқадорон бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар доираи таҷлили ҷашни фархундаи 25 солагии Рӯзи Ваҳдати Миллӣ бозиии варзишӣ аз намуди “Волейбол” ҷиҳати дарёфти Ҷоми раиси ноҳия ташкилу баргузор карда шуд.Ғолибон бо Ифтихорнома ва мукофоти маблағӣ аз ҷониби раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дастгирии оилаҳои эҳтиёманд пайваста дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим қарор дошта дар арафаи ин ҷашни пурифтихори миллӣ аз ҷониби идораву муассисасҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шахсони саховатпеша ба 45 нафари шахсони ниёзманд кӯмаки яквақтаи маблағӣ расонида шуд.
Барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги ноҳия таҳти унвони “Ваҳдат бақои миллат” идомабахшӣ чорабинӣ буд.