Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба иттилои ҳамаи шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим ва ҳамдиёроне, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Русия қарор доранд мерасонад, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи тамдиди чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус (COVID19) аз 15 декабри соли 2020, № 791 оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур баруйхатгирии муҳоҷирон то санаи 15 июни соли 2021 идома дорад.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба иттилои Шумо мерасонад, ки барои фаъолияти минбаъда доштан дар қаламрави Федератсияи Россия то муҳлати муқараргардида тамоми ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароред. Дар сурати то таърихи 15 июни соли 2021 агар Шумо будубоши худро ба расмият надароред ба таври худкор ба рӯйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ аст шомил мешавед.
