Шашуми декабри соли 2019 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим 70 солагии рӯзномаи ноҳиявии “Зиндагӣ” таҷлил гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 70 солагии рӯзномаи ноҳиявии “Зиндагӣ” командони идораву муассиса ва собиқдарони соҳаи матбуоти ноҳия иштирок намуданд. Муовини раиси ноҳияи Ишкошим аҳли қалам ва кормандони матуботи ноҳияро табрик намуда қайд намуданд, ки рӯзномаи “Зиндагӣ” дар давоми маҷудияташ роҳи пуршарафро тай намуда, дар ҳар давру замон рисолати азалии хеш, минбари розу ниёз, ифодагари раъи мардуми ободкор будани худро ба ҷо овардааст.Инчуни дар рафти суханориашон аз собиқадорони соҳаи матбуоти ноҳия Дӯстмамад Бахтиёров, Қаландар Рашидбеков, Султоншоҳ Яқубов, Гулобхон Бодурхонов, Чоршанбе Мамадсаидов, Шоҳҷон Шоҳҷонов, Мавлодод Муллоев, Абдулҷон Асанов, Маҳзабшоҳ Муҳаббатшоев ва дигарон ёдовар шуданд.
Инчунин қайд намуданд, ки кори пуршарафи Қувватбек Раҳмонов, Куйбек Шарифзода, Зарнигор Шодустмамадова, Моҳира Сангмамадова, Нафасбеки Раҳмонӣ ва Ноёбшои Зӯробек шоистаи ёдоварист, ки дар фазои рӯзноманигорӣ навпардозанд ва намунаи ибрат барои ҷавонони имрӯзаи рӯзнома мебошад.
Раиси созмони вилоятии Итифоқи журналистони Тоҷикистон Нилуфар Асламшоева аҳли қалами қалами ноҳия ва собиқадорони соҳаи матбуоти ноҳияро ба ин рӯз табрику шод бош гуфта, ду нафар собиқадори матуботи ноҳия ва ҳайати эҷодии рӯзномаи “Зиндагӣ” бо ифтихорномаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мукофотонида шуданд.Инчунин медали 100 солагии матбуоти тоҷик ба сармуҳаррири рӯзномаи “Зиндагӣ” тақдим карда шуд. Ҳамзамон се нафар кормандони рӯзномаи “Зиндагӣ” бо ифтихономаи раиси ноҳия сарфароз карда шуданд.
Бахшида ба таҷлили 70 солагии рӯзнома барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.
