Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим 25 октябри соли 1928 ташкил ёфтааст.Дар баландии аз сатҳи баҳр 2800 метр буда, давомнокии зимистон 170 рӯз аст. Ҷамъи аҳолии қаламрави Ҷамоати деҳоти Зонг 6565 нафар буда, 3296 нафар занон, 3269 нафар мардон мебошанд. .
Чамоати деҳот аз 5 деҳа иборат аст: Ратм, Лангар, Исор, Зонг ва Зугванд. Маркази Ҷамоати деҳот деҳаи Зонг буда, дарёи калонтарини ҳудуди ҷамоати деҳот дарёи “Панҷ” мебошад, ки бо Чумҳурии Исломии Афғонистон сарҳадро чудо менамояд.
Иқлими континенталии мўътадил ҳарорати миёна дар фасли тобистон 20 – 25 С, дар фасли зимистон – 18 С. Боришоти солона 200 – 550 мм. Хоки заминҳо- хиёбонии минтақаи баландкӯҳ ва хокистаранг дар минтақаи бешадашт.
Дар қаламрави Ҷамоати деҳот аз дарахтони мевадор: себ , зардолу, олуболу. Аз дарахтони бемева бед, ар-ар, ғайр аз ин хор, ангатзор ва дигар намудҳо мерӯянд.
Соҳаи асосии хочагии Чамоати деҳот чорводорӣ ва зироаткорӣ, инчунин боғдорӣ ва сабзавоткорист. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳот 2 адад хочагии деҳқонӣ мавчуд аст.
– Чуғрофия.
Ноҳияи пилоти дар қисми шарқии Чумҳурии Точикистон чойгир шуда, ба ҳавзаи дарёи Панч таълуқ дорад.
Сарҳади ноҳия аз шимолу шарқ қаторкуҳои Вахон, чануб Чумҳурии Исломии Афғонистон, аз шимол бо ноҳияи Мурғоб ҳамсарҳад аст.
Маълумотнома оид ба ҳудудҳои маъмурии Ҷамоати Зонг
№ |
Номи деҳа | Масофа то маркази чамоат | Шумораи аҳоли (нафар) | Шумораи хонавода | Мактаби миёна | Мактаби асоси | Мактаби ибтидои | Муассисаҳои томактаби | Китобхонаҳо | Маркази саломати ва бунгоҳҳо | Нуқтаи фуруши сузишвори | Дукон ва мағозаҳо | Ҳаммом | Сехҳои дӯзандаги | Сартарошхона | Осиёб | Корхонаҳои саноати ва хурду миёна | НОБ- ҳои хурд |
1 | Ратм | 15 | 153 | 14 | – | – | 1 | – | – | – | – | – | – | – | – | – | – | – |
2 | Лангар | 6 | 2034 | 221 | 1 | – | 1 | 1 | 1 | 1 | – | 7 | – | – | – | 3 | – | 1 |
3 | Исор | 3 | 1066 | 101 | 1 | – | – | – | 1 | 1 | – | 3 | – | – | – | – | – | – |
4 | Зонг | – | 2214 | 240 | 1 | – | 1 | 1 | 1 | 1 | 1 | 14 | 7 | 1 | – | – | – | – |
6 | Зугванд | 5 | 1099 | 104 | 1 | – | – | – | 1 | 1 | – | 5 | – | – | – | 5 | – | – |
Ҳамаги | 6566 | 680 | 4 | – | 3 | 2 | 4 | 4 | 1 | 28 | 7 | 1 | – | 8 | – | 1 |
Ҳолати захираи замин
№ |
Номгўи заминҳо |
Воҳиди андоз |
Миқдор |
1 | Майдони умумӣ | га | 63000 |
2 | Заминҳои кишоварзӣ | га | |
3 | Заминҳои наздиҳавлигӣ | га | 97.74 |
4 | Заминҳои хочагии ёрирасон | га | |
5 | Буттаазор | га | 25 |
6 | Замини зери об | га | 1 |
7 | Дигар заминҳо | га | |
8 | Аз чумла обӣ | га | 363 |
9 | Заминҳои корам | га | 363 |
10 | Дарахтони бисёрсола | га | 25 |
11 | Боғҳҳо | га | 24 |
12 | Чарогоҳҳо | га | 517 |
14 | Боир | Га | 70 |
15 | Аз он оби | Га | |
16 | Алафзор | Га | 127 |
17 | Аз он оби | Га | 5 |
18 | Зери обанбор | Га | 1 |
19 | Масофаи дарозии чамоат | Га | 136 |
20 | Куҳдомана | Га | 80% |
21 | Заминҳои аҳолинишин | Га | 20% |
Захираҳои табии ва имкониятҳои истеҳсолӣ. Ҷамоати деҳот аз канданиҳои фоиданоки табии сангҳои нодиру қимматбаҳо аз ҷумла санги мармар бой мебошад. Бояд қайд намуд, ки коркарди онҳо то ба ҳол ба роҳ монда нашудааст ва роҳандозӣ намудани коркарди санги мармар метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷамоати деҳот таъсири мусбӣ расонад.
Айни ҳол дар ҷамоат 1 адад НОБ-и хурди Лангар бо иқтидори 60 кв/с бунёд гашта, дар ҳолати ғайри корӣ қарор дорад.
Табиати хушманзара ва мафтункунандаи ҷамоати деҳот аз қабили 7 адад чашмаҳои гарми шифобахш, қалъаи Абрешим, дидбонгоҳи Ратм, петроглифҳои деҳаи Лангар, гурезгоҳи зеризаминии мавзеи Дирч, тӯпхонаи мавзеи Касфир барои рушди соҳаи сайёҳӣ хеле мувофиқ мебошанд.
Маориф
Маориф яке аз соҳаҳои муҳимест, ки барои пешравии ҷомеа вобаста барои расидан ба ҳадафҳои сиёси, иҷтимои ва иқтисоди нақши муҳим мебозад. Таъминоти маълумоти босифат омили асосии тараққиёт маҳсуб мешавад.Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зонг 4 муассисаи таҳсилоти миёна,3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 2 муассисаҳои томактабӣ мавҷуд мебошанд. Шумораи умумии омузгорони муассисаҳои таълимӣ 140 нафар буда аз он 85 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҷамоати деҳот ду кӯдакистон фаъолият доранд,ки дар он 26 нафар кормандон ба кор фаро гирифта шуда, ба 75 нафар тарбиятгирандагон таълим медиҳанд. Дар назди тамоми муассисаҳои таълимӣ Барномаи рушди барвақтӣ ташкил карда шуда, кӯдакони аз 3-сола то 5-сола дар он таълиму тарбия гирифта истодаанд
Фарҳанг:
Фарҳанг бевосита манбаи асосии тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум ба хусус насли наврас ба ҳисоб рафта, дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии мардум нақши муҳим мебозад.
Дар ҷамоати деҳоти Зонг 1-хонаи фарқанг, 3-клуб, 4-китобхона, 1-осорхона, 3-синфхонаи мактаби санъат ва рассомӣ фаъолият менамоянд. Шумораи кормандон 14-нафарро ташкил дода, аз ин 3-нафар дорои маълумоти олӣ, 2-нафар маълумоти олии нопурра, ва 8-нафар дорои маълумоти касбӣ мебошанд.
Тандурустӣ:
Дар Ҷамоати деҳоти Зонг 1 маркази саломатӣ ва 3 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳо 16 кормандон бо маълумоти миёнаи тиббиӣ ва 5 коргари хурди хоҷагӣ фаъолият мекунанд
Аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дастрасӣ дорад. Масофа аз маркази ҷамоат то беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг 25 км ва то касалхонаи маркази ноҳия 117 км мебошад.
Инфрасохтор
Таъминоти оби тозаи нушоки
Об сачашмаи ҳаёти инсон ва сарвати бебаҳои табиат ба шумор меравад. Ҷамоати деҳоти Зонг қариб 90% аз оби тозаи нӯшидани таъмин аст, аммо таъминоти об аз ҳисоби қубури оби 33, 2 % -ро ташкил медиҳад. Аз қисмати рости ҷамоати деҳот дарёи Помир, ки аз ҳавзи Зоркӯл сарчашма мегирад ва ва инчунин дарговҳои Тӯпхона, Лангар, Зугванд мавчуданд, ки заминаи хубе барои сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқии хурд ва инчунин манбаи асосии обёрии заминҳои киштшаванда ба шумор мераванд. Инчунин чуйборҳои Тӯпхона, Киштичароб, Ақба, Рочив низ барои обёрии заминҳои кишоварзии мавзеъҳои болоӣ истифода бурда мешаванд.
Чадвали
таъминоти деҳаҳо бо оби тоза ба воситаи қубури обгузар
№ |
Номи деҳаҳо |
Аҳоли (нафар) |
Таъминот бо об
(бо %) |
1 | Ратм | 153 | – |
2 | Лангар | 2034 | 45 |
3 | Исор | 1066 | 35 |
4 | Зонг | 2214 | 33,2 |
5 | Зугванд | 1099 | – |
6 | ҲАМАГИ | 6566 | 37.7 |
Таъминот бо қувваи барқ. Ҷамоати деҳоти Зонг дар давоми сол бе маҳдудият аз тарафи Ширкати “Помирэнерҷӣ” бо қувваи барқ ба пуррагӣ таъмин гардида истодааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот дар деҳаи Лангар 1 адад неругоҳи хурди обии барқи мавчуд мебошад.
Неруи ташкили ва зеҳнии Ҷамоати деҳоти Зонг.
Идоракунии давлатии Ҷамоати деҳоти Зонг аз чониби мақомоти худидоракунии деҳот дар маҳал амалӣ мегардад. Шакли асосии фаъолияти мақомоти худидоракунии деҳот – Мачлиси чамоат мебошад, ки аз 21 нафар вакил ( аз чумла 5 нафар зан) иборат мебошад. Илова бар ин 6 нафар вакилони мачлиси вакилони халқи ноҳия буда, аз онҳо 1 нафар зан мебошад. Як нафар аз ҷамоати деҳот вакили мачлиси вакилони халқи ВМКБ мебошад. Ҷаласаҳои ҷамоати деҳот ҳар се моҳ як маротиба гузаронида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатӣ гузаронида шаванд. Дар ин маҷлисҳо масъалаҳои ҳалталаби аҳамияти маҳаллидоштаи ҷамоати деҳот муҳокима гардида, инчунин ҳисоботҳои вакилон, Комиссияҳои доимӣ ва раиси ҷамоати деҳот шунида мешавад.
Шурои Ҷамоати деҳоти Зонг дар ҳайати 11 нафар намояндагон ташкил карда шуда, 3 нафарашон занон мебошанд. Маҷлиси Шурои ҷамоати деҳот моҳе як маротиба баргузор мегардад.
Дар ҷамоати деҳот Комиссияи доимии дар зер омада ташкил карда шуда, фаъолият менамоянд.
– комиссияи маъмурӣ, тартиботи чамъиятӣ, иҷрои қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандон
– комиссияи ободонӣ, кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист
– комиссияи расму оинҳои мардумӣ
– комиссия оиди соҳаи маориф ва фарҳанг
Айни замон дар мақомоти худидоракунии деҳот 6 нафар фаъолият мекунанд.
№ |
Номгуи мансабҳо |
Функсияҳои асосии кори |
1 | Раиси ҷамоати деҳот | Масъалаҳои рушди ичтимоӣ ва робита бо чомеа, (масъалаҳои миллӣ, сиёсӣ, ташкилотҳои чамъиятӣ, маориф фарҳанг, тандурустӣ, занон, чавонон, варзиш, масъалаҳои махсуси ҷамоати деҳот) |
2 | Котиби ҷамоати деҳот | Масъалаҳои ҷамоати деҳот, коргузорӣ дар чамоати деҳот, Шурои чамоати деҳот, мачлисҳои ҷамоати деҳот, ҳуқуқ, кор бо кадрҳо, назорати қарорҳо, ҳуччатгузорӣ, сабти ҳолати шаҳрвандӣ, бойгонӣ |
3 | Муҳандиси заминсоз | Масъалаи замин ва истифодабарии он, кор бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масъалаи вобаста ба замин, ободонӣ ва хуррамгардонии маҳал, кор бо ҳуччатҳои вобаста ба замин |
4 | Сармуҳосиб | Масъалаҳои бучет ва омор (чамъоварии андоз ва дигар ҳисоботҳои молиявӣ) |
5 | Сардори мизи ҳарби | Масъалаҳои вобаста ба даъват ба хизмати ҳарби, комиссариати ҳарби |
6 | Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳо | Масъалаҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллӣ |
Шиносномаи Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим Соли -2019