РАИСИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ
Иматшозода Анвар Иматшо санаи 10 уми ноябри соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1985 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20- и ноҳияи Рӯдакӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамзамон аз соли 1995 таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 –и ноҳияи Ванҷ давом додааст.Соли 1996 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи молиявию баҳисобгирӣ аз рӯий ихтисоси Иқтисоди ҷаҳон дохил шуда, солии 2000 ум онро хатм намудааст.
Дар баробари ин дараҷаи таҳсили магистрро дар донишгоҳи болозикр солҳои 2012-2013 хатм намудааст.
Иматшозода Анвар Иматшо фаъолияти кориашро аз моҳи ноябри соли 2000 ум бо ҳайси мутахассиси пешбари КВД “Тоҷикавтосервис” дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, аз соли 2001-2024 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва молияи мудирияти корҳои назорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, соли 2004-2005 дар вазифаи директори Маркази шуғли аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ,солҳои 2005-2010 дар вазифаи Директори омӯзишгоҳи махсуси касбии техникии № 1-и шаҳри Душанбе, солҳои 2011-2013 дар вазифаи Сардори шуъбаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2015 Директори муассисаи таълимии “Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе, солҳои 2015-2018 Сардори Раёсати корҳои Ваазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,солҳои 2018-2024 дар вазифаи муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кору фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2024 Раиси ноҳияи Ишкошим таъин гардидааст.
Иматшозода Анвар Иматшо дорандаи медалҳои “Хизмати шоиста”, “25 солагии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, буда, инчунин аълочии меҳнат ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор соҳиби шаш фарзанд мебошад.