• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu

Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар буда, таърихи ин сарзамин аз даврони қадим ибтидо гирифтааст. Маънои калимаи Ишкошим “Сакошим” яъне ватани Сакоиҳо мебошад.Сакошим дар асрҳои VII-VI-и пеш аз мелод маркази маъмурии қавмҳои ориёитабор –тоифаҳои ҳинду эрон будааст. Шоҳроҳи овозадори кулли Осиё, яъне “Шоҳроҳи Абрешим” аз ҳамон давра аз ҳудуди водии Вахони ноҳияи Ишкошими ҳозира мегузашт. Ноҳияи Ишкошим 27 моҳи октябри соли 1922 ,дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, марказаш деҳаи Ишкошим мебошад. Ноҳия дар масофаи 652 км аз маркази ҷумҳурӣ ва 105 км аз шаҳри Хоруғ воқеъ гаштааст. Ноҳияи Ишкошим воҳиди маъмуриест,ки ба ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Ишкошим дар қисмати ҷануби ҷумҳурӣ дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буда,аз самти шимол бо ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқаъла, аз шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Бештари масоҳати ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара аз шимол ва дарёи Панҷ – аз ҷануб водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Қуллаҳои баландтарини ноҳия Маяковский 6096 м ва Карл Маркс 6726 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда ба шумор мераванд. Масоҳати умумии ноҳия 3656,0 км мебошад.
Ноҳияи Ишкошим аз Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров, Қозидеҳ, Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков, Ҷамоати деҳоти Зонг, Вранг, Птуп, Вахон, иборат буда, 45 деҳаро дар бар мегирад Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он дарёи Панҷ гузар мекунад.Водиҳои ноҳия ҳосилхез буда, дар онҳо маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол мешаванд. Баландии миёна аз сатҳи баҳр аз 2200 то 3600 метрро ҷойгир аст. Аҳолии ноҳия бошад 31002 нафарро ташкил медиҳад.Теъдоди хоҷагиҳо 4110 адад мебошад.Зичии аҳолӣ дар ҳар як метри мураббаъ 7,8 нафар рост меояд. Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи январ -8,3 С, ҳадди боришоти миёнаи солона 94 мм мебошад. Дар ноҳия 45 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз онҳо 33 адад муассисаҳои миёна, 4 адад асосӣ, 8 адад ибтидоӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд. Шумораи умумии хонандагон 5017 нафар мебошад, Ба хонандагон 857 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Ҳифзи саломатии мардум, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои табобатӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллӣ қарор дорад. Аз ин рӯ сол то сол сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, 32 муассисаи шифоиву пешгирӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 1 беморхонаи марказӣ, 9 маркази саломатӣ, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази мубориза бар зидди бемории сил, маркази Вируси норасоии масунияти одам, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази иммунопрофилактика, Маркази солимии репродуктивӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд Баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ, ташаккули маърифату маънавиёти мардум аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад. Айни ҳол дар ноҳия 52 адад муассисаҳои фарҳангу ҳунар, 1 адад хонаи фарҳанги маркази ноҳия, 1 адад Ансамбли тарона ва рақс, 1 адад Театри халқии ноҳия, 1 адад Маркази фарҳангӣ фароғатӣ, 6 адад хонаҳои фарҳангии деҳотӣ, 13 адад клуб, 27 китобхона, 1 адад китобхонаи бачагона, 1 мактаби санъат ва рассомӣ, 3 хона –осорхонаҳо, 2 адад хона осорхонаҳои ҷамъиятӣ амал намуда истодаанд ва 103 адад ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ мавҷуд мебошанд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои таърихӣ- фарҳангии ноҳия 103 ададро ташкил дода, ғайр аз ин дороии ноҳияро 26 адад чашмаҳои гарму шифобахш, зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш ва 5 адад осорхонаҳо ташкил медиҳанд. Барои қабули сайёҳон дар ноҳия 10 адад меҳмонхона, 22 адад ҳомстей, 2 адад тарабхона, 18 адад ошхона вуҷуд дорад.
Дар ноҳия филилали КВД Бонки Амонатгузории “Амонатбонк”,ҶСП “БСҚТ” ва ФҶДММ ТҚХ “Рушди Кӯҳистон” фаъолият доранд.
Таъмини алоқа дар ноҳия рушд ёфта, ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз ҷумла, Тсел ва Мегафон, алоқаи барқӣ инчунин шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ дар хизмати мардум мебошанд, ки аз ин шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” 98,7%, телевизиони “Сафина” 89,5%, телевизиони “Баҳористон” 82,0%, телевизиони “Ҷаҳоннамо” 86,0% ва радиои “Садои Душанбе” 53 %-ро ташкил медиҳад.
Рӯзномаи “Зиндагӣ” ягона воситаи ахбори маҳаллӣ буда, мунтазам ҷиҳати ташвиқу тарғиби афкори сиёсӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияташро пеш мебарад
Соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия аҳамияти бузург дорад. Дар ҳудуди ноҳия 439,9 километрро роҳҳои умумӣ ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 288,7 километр дорои аҳамияти байналмиллалӣ, 6,2 километр аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 145 километр дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Ноҳияи Ишкошим барои соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ шароити мусоид дошта, ҷамъи заминҳо 365606 га буда аз ҷумла обӣ 4359 га-ро ташкил медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Май 2025
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Апр    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 48
  • 15 975
  • 530 155
  • 99 681
  • 981
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet