• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 13.03.2026 by ishkoshim

12 марти соли 2026, ноҳияи Ишкошим

   Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ” баргузор гардид.
  Кори конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим Муллоева Гулшан суханро ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо доданд.
  Раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо дар баромади худ таъкид намуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳкими сулҳ, маърифати ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар масъалаҳои муҳим, нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас баланд бардоштаанд.
  Инчунин қайд гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф мегардад. Иқдомҳои наҷибу шоистаи роҳбари давлат дар самти ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва рушди дипломатияи фарҳангӣ мавқеи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшидаанд.
Муовини раиси ноҳияи Ишкошим Назарзода Душанбе Назаршо дар мавзӯи “Сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор шинохта шудааст. Асоси ин сиёсати хирадмандона ба сиёсати дохилию хориҷии давлат, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад, вобаста мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки яке аз ташаббусҳои муҳими сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат пешниҳоди қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад.
Дар идомаи конференсия Хоников Раҳимбек Нафасбекович вобаста ба мавзӯи эълон гардидани солҳои 2025–2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера” маърӯза намуданд. Инчунин котиби комиссияи васояту парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Муллоева Гулчаман дар мавзӯи “Таъғирёбии иқлим – мушкилоти глобалии асри XXI” баромад карданд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (833)
  • Эълонҳо (2)
Март 2026
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Фев   Апр »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 132
  • 2 586
  • 772 917
  • 155 050
  • 6
  • 863
  • 0
  • 17.04.2026

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2026 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet