Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни саодатофар барои мардуми кишвар!
Ҷомеаҳои муттамадин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукуҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Албатта санаи 16- уми ноябр интихоб гардидани Рӯзи Президент ҷанбаҳои таърихии худро дорад. Тавре, ки аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он ҷанг вазъи давлатро зери хатар қарор дод. Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад. Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 33 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад.Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугуҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, инчунин ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳо афзуд. Ба ҳамин дастовардҳои беназир мо тавассути чунин роҳбари оқил Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои фароху фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Тоҷикистонро имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем. Ба ҳамин дастовардҳои беназир мо тавассути чунин роҳбари оқил – Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем ва шукргузор аз чунин як фазои орому озод карда, насли наврасро дар руҳияи ватандустӣ ва сулҳпарварӣ тарбия намоем.
Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, нерӯҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Ишкошим Хуросониева Ҷумъагул
