Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим вохӯрии намояндагони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод ва нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лейтенанти адлия Назуруллозодоа Беҳрӯз Назурулло бо хизматчиёни давлатӣ, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳо, фаъолони ҷомеа, раисони ҷамоатҳои деҳот, воҳидҳои сохторӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, директорони хонаҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ, роҳбарони марказҳои саломатӣ ва мудирони бунгоҳои тиббӣ баргузор гардид.
Дар баргузории вохӯрии болозикр нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод баромад намуда, вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.2025, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусиятҳои эктстремистӣ ва террористӣ дошта, пешгирӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ ва таъғирот ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятӣ дар самти истифодаи неруи барқ баромад намуданд.