Санаи 11 уми июни соли 2025 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Иҷлосияи дуюм(даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Ба Иҷлосия муовини якуми раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим роҳбарони идораву муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони хонаҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ, роҳбарони марказҳои саломатӣ ва мудирони бунгоҳои тиббӣ, ки вакил нестанд даъват гардиданд.
Ба муҳокимаи иҷлосияи дуюм (даъвати ҳафтум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
1.Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Птуп оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
2.Дар бораи гузаронидани таъғирот дар қисми хароҷотии муассисаҳои таҳсилотии умумии буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим;
3. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки вобаста ба таъғироти кадрӣ қабул шудаанд;
4.Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки байни Иҷлосияҳои якум(даъвати ҳафтум) ва дуюм (даъвати ҳафтум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд.
Оиди масъалаи якуми рӯзнома Комиссияи доимии танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Птуп Мулкамонов Файзулло Абдуллоевич баромад намуда, вобаста ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Вобаста ба баромади Комиссияи доимии танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Птуп Сабзалиев Ошурмамад вакил аз ҳавзаи интихоботии Внукут № 21, Ошурбеков Далерҷон вакил аз ҳавзаи интихоботии Шитхарв № 16, Худодов Фарҳод вакил аз ҳавзаи интихоботии Қозидеҳ №15 ва Бобокова Ойгул вакил аз ҳавзаи интихоботии Яхшвол № 6 баромад намуданд.
Аз руйи масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи гузаронидани таъғирот дар қисми хароҷотии муассисаҳои таҳсилотии умумии буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Хоников Раҳмибек суханронӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки вобаста ба таъғироти кадрӣ қабул шудаанд мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Асанов Солеҳҷон баромад намуд.
Оид ба масъали чоруми рӯзнома дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки байни Иҷлосияҳои якум(даъвати ҳафтум) ва дуюм (даъвати ҳафтум) –и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Азизхонов Амидулло Мамадсахиевич суханронӣ карданд.
Дар ҷамъбасти кори Иҷлосия раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо суханронӣ намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , сарфакорӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои қонуншиканӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ дар суханронии худ дарҷ намуданд.