Дар партави ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ заминҳои бекорхобида зиёда аз 20 га ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд.
Лозим ба зикр аст, ки заминҳои бекорхобида дар мавзеи деҳаҳои Дашт ва Сумҷини Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков мавҷуд буда, айни ҳол бо техникаҳои калонҳаҷми кишоварзӣ шудгор гардида, дар онҳо картошка ва ғалладона кишт мегардад.
Аз рафти шудгори заминҳо ва кишту кори баҳорӣ имрӯз раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо дидан намуда, ба кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.