• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 27.02.202327.02.2023 by ishkoshim

Ҳамдиёрони азиз!
   Муҳтарам афсарон, сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Имрӯз ба рӯзи таъсисёбии яке аз рукнҳои асосии давлатдориамон – Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30 сол пур мешавад, яъне зиёда аз чоряк аср аст, ки дар кишвари мо ин ниҳоди хеле муҳим ва зарурӣ вазифаҳои ба уҳда гирифтаашро бо масъулияти баланд ва сарбаландона иҷро намуда истодааст.
   Давоми ин солҳо Артиши миллии мо аз як ниҳоди хурд ба як нерӯи тавоно табдил ёфта, имрӯз бо боварию эътимоди комил гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омодагии баланди сиёсӣ ва ҳарбӣ, зиндагӣ ва меҳнати осоиштаи халку кишварро таъмин намуда, дар мубориза ба муқобили ҳар гуна амалҳои зишт дар ҷомеа, таъмини истиқлолияти сиёсиву иқтисодии мамлакат ва пешрафти минбаъдаи он ҳиссаи босазо доранд.
   Ташкил гардидани Артиши миллӣ дар таърихи ҳазорсолаи мо – тоҷикон падидаи нав буда, онро яке аз рукнҳои муҳимтарини истиқлолияти давлатӣ шуморидан мумкин аст, чунки Артиш-симои миллат ва бақои давлат аст.
Муҳтарам афсарону сарбозон!
  Ба ифтихори 30- юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи Шумо муҳофизони бонангу номус ва далеру шуҷои Ватанро самимона табрик гуфта, барои заҳмати шабонарӯзиатон ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва таъмини оромиву осоиши зиндагии халқи бунёдкору созандаи тоҷик, садоқат ба Конститутсия ва дигар муқаддасоти миллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.
   Имрӯзҳо дар Артиши миллӣ садҳо нафар сарбозону афсарони обутобёфтаи дорои маҳорату малака, дониши баланди касбӣ ҳазорҳо нафар ҷавонписарон, аз ҷумла зодагони ноҳияи Ишкошим дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистони азизамон қарзи фарзандии Модар – Ватанро софдилона ба ҷо оварда истодаанд.
Онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз кишвару миллати соҳибфарҳанги худ, дар ҳимояи музаффариятҳои кишвар ҳиссаи муносиб гузошта истодаанд.
Артиши миллии мо ҳамчун пойдевори устувори давлатдорӣ, нишони азму иродаи қавии мардум барои ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон буда, ҳамқадами соҳибистиқлолии кишварамон мебошад.
  Маълум аст, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсиси Артиши миллӣ чандон кори осон набуд, он давра ба давра сурат гирифт.
   Мақсади асосии таъсиси Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, ҳифзи якпорчагии хоки ватан, оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
  Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки дар бунёд, таҳким ва пешрафти Артиши ҷавони Тоҷикистон заҳмату талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дорад.
   Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои терористиву экстремистӣ, дастаҳои ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштанд.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати Артиши миллӣ дар пойдории сулҳ ва истиқлолияти кишвар баҳои баланд дода, қайд намуда буданд, ки “Кафили боэътимоду муҳофизи собитқадами пояи Ваҳдат бемуҳобот Артиши миллӣ аст, ки зимни савганди ёдкардааш ҷиҳати таъмини осудагии мардуми кишвар, дахлнопазирии марзи муқаддаси Ватан ҳамвора дар талоши ҷонбозиҳову ҷоннисориҳост”.
Ҳамдиёрони азиз!
  Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем.
Имрӯз мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Зеро, ки хизмат намудан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад.
Ватан сарнавишту қисмати ҳар инсон аст.
  Агар модар моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.
   Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо аз нав гулшукуфон гашта , дар ҳар як соҳа мо имрӯзҳо тағиротҳои беназиреро дидан метавонем, ки тасаввур карданаш номумкин буд.
   Мардуми кишварамон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёдкориву созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Барҳақ Ҷаноби олӣ дар суханрониҳояшон қайд кардаанд : “Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст” .
    Бузургону шоирони мо ҳамавақта дар ашърои худ васфи Ватан ва меҳри Ватанро авввалиндараҷа дониста шеърҳо сурудаанд.
   Ба ҳамин маънӣ ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ, ки саршори идеяи Ватандориро аз баҳои ҷон болотар гузоштааст гуфтааст:
                    Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
                    Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
    Ҳамзамон, суханони пурҳикмати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ироаи Паём чунин садо доданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ, омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.
   Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
   Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
    Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шумо афсарону сарбозон ва сокинони баору номуси ноҳияи Ишкошимро бахшида ба ҷашни фархунда, 30-солагии рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу субот, рӯзгори ободу осуда ва комёбиҳои беназирро таманно дорам.
    Сарбаланду хонаобод бошед, афсарону сарбозон ва ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Феврал 2023
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Янв   Мар »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 41
  • 10 282
  • 534 425
  • 100 045
  • 341
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet