Ноҳияи Ишкошим дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ буда, бо чашмаҳои гарму шифобахш, ёдгориҳои таърихиву табиати зебояш дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат пайдо намудааст.Ҳамасола сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ноҳия ташриф оварда аз ин маконҳои дилписанд ва таърихӣ дидан менамоянд.
Дар таърихи 19 сентябри соли равон тибқи нақшаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Ишкошим Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи “Сайҳёии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар” баргузор гардид.
Лозим ба зикр аст, ки меҳмонронро дар даромодагоҳи ноҳия раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ва ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия истиқбол намуда, гуруҳи кории конфронс аз чашмаи шифобахши Гармчашма, инфрасохтори сайёҳии ин мавзеъ дидан намуданд.
Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад раиси ноҳияи Ишкошим Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи “Сайҳёии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар” ифтитоҳ намуда, барои ташкилкунандагони конфрос сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Дар рафти кори конфронс муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, гиёҳпизишк Давлатмамадов Ширинбек, Маҳина Додихудоева,намояндаи Ассосатсияи байналмилалии рушди гуруҳи бонки умумиҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” дар ВМКБ ва намояндагони вилояти Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни конфронс дар ин сафари корӣ аз ёдгориҳои таърихӣ қалъаи Қаҳ-қаҳаи деҳаи Намадгут, Қалъаи Ямчун, чашмаи шифобахши Биби Фотимаи Заҳро, тақвими сангӣ ва хона –осорхонаи Мубораки Вахонӣ воқеъ дар деҳаи Ямг дидан намуданд.Ҳамчунин аз имкониятҳои сайёҳии агротуризм дар деҳаи Туғгози Ҷамоати Птуп аз наздик шинос гардиданд.