Дар давоми 30 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.
Дар ноҳияи Ишкошим бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша бо мақсади рушди деҳот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар давоми ду рӯзи охир иншоотҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, ки аз ҷониби шахси эҳсонкору саховатпеша ва соҳибкорон бунёд гардидаанд, бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ва раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар арафаи таҷлил аз ҷашни пурифтихори миллиамон 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Андароб ва Гармчашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров меҳмонхона ҷавобгӯ ба талаботи ҳозиразамон бо арзиши 600,0 ҳазор сомонӣ ва нуқтаи хизматрасонӣ, аз қабили ҳаммом бо маблағи 126,0 ҳазор сомонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон Пайшанбиев Залон ва Шаҳбонов Шаҳбон бунёд гардиданд, ба истифода дода шуданд.
Бо ба истифода дода шудани боз як меҳмонхонаи замонавӣ дар деҳаи Гармчашма хизматрасонӣ ба меҳмонон, сайёҳони дохилию хориҷӣ беҳтар гардида, се нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков муассисаи таҳсилоти ибтидоии деҳаи Дашт, ки аз ҷониби шахси эҳсонкор Амиршоев Баҳром ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1,3 млн сомонӣ бунёд гардид, ба истифода дода шуд.
Муассисаи навбунёд аз 4 синфхона ва як утоқи омӯзгорон иборат буда, барои таҳсили хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар асоси нақшаи шуъбаи маорифи ноҳия аз 4 синхонаи мавҷуда як адади он барои ташкил намудани маркази инкишофи кӯдакон истифода бурда мешавад.
Ин иқдоми хайрхоҳонаи Амиршоев Баҳромро ҳамдеҳагонаш хело хуш пазируфта, аз амали анҷомдодаи ӯ шоду хушҳол гардиданд.
Дар деҳаи Даршайи Ҷамоати деҳоти Вахон меҳмонхона ва маркази савдои “Меҳрубон” бо ибтикори соҳибкор Мирзобеков Мирзобек қомат афрохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Ин маркази савдо бо тамоми
шароиту имкониятҳои ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ буда, аҳолии деҳаро бо маҳсулотҳои асосии ғизоӣ таъмин менамояд. Аз рӯйи иттилои соҳибкор Мирзобеков Мирзобек то ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот маблағи 300,0 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Дар деҳаи Птупи Ҷамоати деҳоти Птуп меҳмонхона ва маркази тиҷоратӣ, ки бо ташаббуси соҳибкор Иброҳимов Зокир бо маблағи 400,0 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ҳамчун иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ адад иншоотҳои гуногун, ки бо маблағгузориҳои бахши хусусӣ бунёд гардидаанд, расман ба фаъолияти онҳо оғоз бахшида шуд.
Дар асоси иттилои шахсони масъул ба мақсади бунёд гардидани ин иншоотҳо дар маҷмӯъ аз ҳисоби соҳибкорон маблағи зиёда аз 2,7 млн сомонӣ хароҷот шуда, иншоотҳо бо тарзу усули муосири меъморӣ сохта шуданд.
Ин саҳмгузории соҳибкорону шахсони саховатманд дар корҳои ободониву созандагӣ шаҳодати дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳмгузории бахши хусусӣ дар корҳои ободониву созандагии Тоҷикистони маҳбуб мебошад.
Дар ифтитоҳи ин иншоотҳо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ва раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад сухаронӣ намуда, сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни пурифтихори миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфтанд.
Раиси ноҳияи Ишкошим ба соҳибкорону шахси эҳсонкор, ки корҳои хайру савоб ва ободиву созандагиро анҷом доданд, сипосу миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар корҳои ояндаашон барору комёбӣ таманно намуданд.