Санаи 7 уми сентябри соли равон дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳияи Ишкошим низ паради щарбь ба муносибати 30 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар баргузории паради ҳарбӣ 1450 нафар иштирок намуда, аз ин нишондод 250 нафар воҳидҳои сохторӣ ва 1200 нафари дигарро захираҳои эҳтиётии кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ташкил дод. Ҳамзамон дар паради ҳарбӣ аз майдон техника ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ аз майдон гузаштанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар доир гардидани паради ҳарбӣ инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатуло Ҳабибулло иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳар як нафари дар ин майдон ҷамъ омада ин пеш аз ҳама баёнгари ватандӯстии ҳар як иштирокчиро нишон дода, шаҳодат аз он медиҳад, ки баҳри ҳифзи ватани азизамон Тоҷикистон, пойдории сулҳу суботи комил дар кишвари маҳбуби худ омода мебошанд. Ҳамчунин дар баромади худ сипосу миннатдории худро барои ҳозирин баён намуда, барояшон саломатии бардавом, умри баркамол ва хонаву рӯзгори ободро таманно намуданд.