Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантавӣ баргузор гардид.Дар баргузории маҷлиси тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷуҳмурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ҳамаи сокинони ноҳияро ба ҷашни пурифтихори миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, дар баромади худ оид ба рушди ноҳия ва дастовардҳои беназири ноҳияи Ишкошим қайд намуданд.
Ҳамчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷуҳмурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло мардуми шарафманди ноҳияро ба ин санаи таърихӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки ноҳияи Ишкошим тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ рушд намуда аз саҳми сокинони ноҳия дар корҳои созандагиву ободонӣ изҳори хушнудӣ намуданд.
Дар рафти маҷлиси тантанавӣ якқатор сокинон ва фаъолон бо сатҳи Ифтихорномаи раиси ноҳия ва хонандагоне, ки дар озмунҳои фанни ҷумҳуриявӣ медалҳои бириҷӣ, нуқра ва тилло ба даст овардаанд бо Ифтихорнома ва мукофоти маблағӣ а з ҷониби раиси ноҳия ва омӯзгороне, ки ин хонандагонро ба озмунҳо омода намудаандбо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
Баҳри мусоидат ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар рушди ноҳия директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷуҳмурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло бо сипосномаи раиси ноҳияи Ишкошим сарфароз карда шуд.
Барномаи фарҳангии идона анҷомбахшӣ чорабинӣ буд.