Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҷониби раиси Кумита Рудобаи Мукаррам санаи чоруми июни соли равон ҷиҳати баргузор намудаи вохӯриву мулоқот бо сокинони ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом доданд.
Лозим ба зикр аст, ки нахуст пеш аз ҳама раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар баргузории вохӯрӣ Рудобаи Мукаррам раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарбори он” суханронӣ намуданд .
Ҳамчунин дар баргузории вохӯрӣ муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандандаров Қаландариён Ҳоким баромад намуданд.
Дар рафти баргузории вохӯрӣ якқатор сокинони ноҳия, ҷавонон ба сухан баромада аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ алалхусус ноҳияи Ишкошим ёдоварӣ намуданд.
Бояд дарҷ намуд, ки дар баргузории вохӯрӣ Рудобаи Мукаррам раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба панҷ кӯдаки ятими кулл туҳфаҳоро тақдим намуданд.
Барномаи аҳли ҳунари фарҳанги ноҳия анҷомбахшӣ чорабинӣ буд.