Паёми табрикотии
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо бахшида ба 76-умин солгарди рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Халқи шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла диёри Ишкошим низ дар баробари дигар халқиятҳову миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 76-умин солгарди Ғалабаи ҷанги мудҳиштарини дунё – Ҷанги Бузурги Ватанӣ, рӯзи Ғалаба бар фашизмро бо эҳтиромгузорӣ ва қадрдонии Ватани азизи худ, инчунин пос доштани хотираи неки нафароне, ки аз ин набардҳо бозпас нагаштаанд, таҷлил менамояд.
Аз ин лиҳоз бо камоли эҳтиром ва сидқ пеш аз ҳама нафароне, ки дар давраҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар бурдаанд ва ҳамаи мардуми шарифи ноҳия Ишкошимро ба ифтихори 76- умин солгарди рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният мегӯям, барои якояки Шумо сулҳу субот ҳамдигарфаҳмӣ, саломативу рӯзгори ободро таманно менамоям.
Имрӯз бо арҷгузорӣ ба азамату ирода ва матонату мардонагии халқи худ, ки баҳри ҳифзи Ватан ба корзори ҷанг рафтаву бар нагаштаанд, инчунин ба ранҷу заҳматҳои он нафароне, ки дар ақибгоҳи ҷанг барои таъмини Ғалаба ҷонбозиҳо намудаанд, сипосгузорам. Бояд ёдовар шуд, ки аз давраи пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст.Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз солҳои 1939-1945 аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи ҷомеаи ҷаҳон буда, дар он беш аз 72- давлати хурду бузурги олам иштирок намуда, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40-давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллион нафарро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50- миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор шуданд.
Ҳазорҳо нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар ҷанговарони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Баҳри дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92- ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд, 54- нафар ҳамватанони мо бо нишони қадрдонию унвони олии Ватан Қаҳрамони иттифоқи Шӯравӣ, 21- нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60-ҳазор нафар бо ордену медалҳо сафароз карда шуданд.
Ҳарчанд ки майдони набардҳои хунин аз ноҳияи Ишкошим ҳазорҳо фарсах дур воқеъ буд, акси садои он дар ҳар деҳаи ноҳия ба гӯш мерасид. Ҳатто дар деҳаҳои мазкури ноҳия оилае ёфт намешуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири ҳифзи озодии Ватан аз фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.
Таърих худ гувоҳ аст, ки зодагони ноҳияи Ишкошим низ дар баробари садҳо фарзандони Тоҷикистон дар ин майдони ҷанги хунин рафтаву корнамоиҳои бузург нишон додаанд. Шуҷоату матонати родмардони Ишкошимзамин ба монанди Сафаров Давлат, Гулмирзоев Ғуломасейн, Ризоев Салим, Айдаров Аҷва, Асадуллоев Файзулло, Алигавхар Набиев, Будронов Худоназар, Насрулохонов Ақдодхон, Фармонбеков Лоғар Паҳлавоншанбиев Қушқор, Сайфов Сафар ва дигару дигарон дар саҳифаҳои таърихиамон сабт гардидаанд. Ҳамчунин меҳнаткашони ноҳия баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона хизмат намуданд.
Мо ба корнамоию фидокории насли калонсол, ки ҷон дар каф Ватанро ҳимоя кардаанд, ҳамду сано мехонем ва дар назди ёди неку хотираи ҷовидонии онҳо сари таъзим фуруд меорем.
Ҳар насл дар назди таърих ва тақдири миллат қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва масъулияти маънавию ахлоқӣ дорад.
Ба ин маънӣ, насли калонсоли мамлакати мо, алалхусус собиқадорони ҷангу меҳнат, беҳтарин солҳои умри худро ба ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанги мамлакат бахшида, симои Тоҷикистонро дар давоми якчанд даҳсола комилан дигар сохтанд. Дар навбати худ бар дӯши наслҳои имрӯзу оянда қарзи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ афтодааст.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар шумо – пирони корозмуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми соҳибфарҳанги ноҳияро ба ифтихори Ғалабаи бузурги инсоният бар фашизм табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тани сиҳат, рӯзгори осуда ва сулҳу осоиши ҳамешагӣ орзу менамоям.
Бигузор наслҳои имрӯзу ояндаи мардуми кишвари соҳибистиқлолу ваҳдатборамон дигар ҳаргиз рӯйи наҳси ҷангро набинанд.
Сарбаланду хонаобод бошед!