Имрӯзҳо дар қатори дигар ҳамватанони минтақаҳои гуногуни кишвар мардуми ноҳияи Ишкошим низ дар иртибот ба масъалаҳои марзӣ ҳама чун як тан ба по хеста, барои ҳимояи марзу буми Ватан тайёр буданашонро изҳор доштанд. Аз тарафи ҷамъомадагон, ки аксарашонро ҷавонон ташкил доданд, нидоҳои “ Мардуми Ворух, мо бо шумоем”, “Ворух – пораи хоки Ватан” садо дода, кулли ҷавонон иброз доштанд, ки онҳо ҳар лаҳза омодаанд то аз хоки Ворух, ки як порчаи Тоҷикистони азиз аст, дифоъ намоянд.
30 аперли соли 2021