Санаи 2 марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим машварати назоратии назди раиси
ноҳияи Ишкошим доир гардид.
Ба машварати назоратии назди раиси ноҳия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони идораю муассисаҳо, ташкилотҳо ва раиси ҷамоати деҳоти ба номи Р. Юсуфбеков даъват шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар рӯзномаи машварати назоратии назди раиси ноҳияи Ишкошим ду масъала муҳокима гардиданд.
1. Ҳисоботи раиси Кумитаи заминсозии ноҳия “Оиди корҳои назорати давлатии замин”;
2. Иҷроиши ҷараёни нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бахшида ба Рӯзи модар ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз.
Оид ба масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи заминсозии ноҳия Мамадёқубов Имомдод ҳисобот дод. Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома муовини раиси ноҳияи Ишкошим Холдорзода маърӯза намуданд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ҷиҳати беҳтар гардидани кор дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаби замин ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Рӯзи модар ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ба маъсулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон роҳбарони идораву муассисаҳо баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ муваззаф карда шуданд.
