Санаи 16 уми феврали соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Иҷлосияи шашум, (даъвати шашум)и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ба иҷлосия муовинони раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони идораву муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот даъват гардиданд.
Ба муҳокимаи иҷлосияи шашум(даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Ишкошим “Дар бораи иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ истифода ва идораи иншоотҳои моликияти комуналии ноҳияи Ишкошим дар соли 2020”
2. Дар бораи пешниҳо ди Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим;
3. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд.
4. Дар бораи гузаронидани таъғирот дар қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим