Санаи 2 феврали соли 2021 дар толори китобхонаи ба номи Амирбек Абибови маркази ноҳия маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои фарҳанги ноҳия доир гардид.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар кори маҷлис муовини сардори шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Одинаев С ва директори маркази эҷодиёти халқи вилоят Мамадамонов С иштирок доштанд.
Рӯзномаи маҷлис аз рӯи 4 масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳия ва натиҷаи ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар соли 2020 сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия Муборакқадамова Дилором маърӯза намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис директори китобхонаи ба номи А. Абибови маркази ноҳия Ёғибекова Моҳинав вобаста ба фаъолияти китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳия дар соли 2020 ва натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”баромад намуд.
Ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномаҳои маҷлис мавриди муҳокима қарор дода шуда, муовини сардори шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Одинаев С фаъолияти муассисаҳои фарҳанги ноҳия ва натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2020-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Амирхонов Гулдасташо ба сухан баромада оид ба рафти омодагиҳо ба чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия озмунҳову фестивалҳо дар соли равон баргузоршаванда алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон,Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Президент ва озмунҳову фестивалҳо дар соли равон баргузоршаванда баромад намуда, ҷиҳати мувофиқ ба мақсад роҳандозӣ намудани кор ба маъсулини соҳаи фарҳанг дастуру супоришҳо доданд.