Бо мақсади амалии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, № АП-1140 “Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои аънана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, банди 20- и Нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои аънана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” дар маркази ноҳияи Ишкошим “Озмуни дастурхонороӣ” баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки дар озмуни болозикр ҷамоатҳои деҳоти ба номи Аскар Замиров, Қозидеҳ, Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков, Птуп, Вранг ва Зонг иштирок доштанд.Инчунин дар “Озмуни дастурхонороӣ” баргузоргардида муассисаҳои таҳсилотии №№ 20, 21, беморхонаи маркази ноҳия, Маркази назорати давалтии санитарию эпидемологии ноҳия, шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия низ ширкат варзиданд, ки дар маҷмуъ ба ҳайати ҳакамон 11 дастурхон пешниҳод гардид.
Тибқи хулосаи ҳакамон кадбонувон аз беморхонаи маркази ноҳия, Маркази назорати давалтии санитарию эпидемологии ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Вранг ва Зонг соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.