Бо мақсади тағрибу ташвиқ ва шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии “ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба Ҷамоатҳои деҳоти Қозидеҳ ва Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафари корӣ раиси ноҳияро мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Асанов Солеҳҷон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Савлатов Ғуломуҳаммад, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим подполковник Ҳайдарзода Шералӣ, сардори қисми ҳарбии 0411-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ноҳия буда подполковник Исмоилов Машрабхон, муовини Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ноҳия Шарифов Дустмурод ва коромӯзи муфатиши Прокуратураи ноҳияи Ишкошим Неъматзод Меҳробиддин ҳамроҳӣ намуданд.
Дар маркази Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ байни аҳолӣ, фаъолон вохӯрӣ доир гардида, раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад оид ба мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии “ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Инчунин дар баромади худ қайд намуданд, ки аз паём то ба паём деҳаҳои аҳолинишини ноҳияи Ишкошим рушд намуда, якқатор соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия рушд намуда аз дастгириву ғамхориҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар давраи хуруҷи бемории сироятии коронавирус дар баромади худ қайд намуданд.Иброз доштанд, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия нисбат ба солҳои пеш рушд намуда сатҳу сифати зиндагии аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия беҳтар гардидааст.
Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад раиси ноҳияи Ишкошим қайд намуданд, ки сокинони меҳнатдӯсти Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо бардошт аз Паёми имсола дар ободиву созандагии ҷамоати деҳот ва ноҳия саҳми босазои худро мегузоранд.
Сардори қисми ҳарбии 0411-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони дар ноҳия буда подполковник Исмоилов Машрабхон оид ба масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории сарҳади давлатӣ ва саҳмгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мазкур суханронӣ намуданд.
Фаъолони ҷомеа ва сокинони Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ ба сухан баромада бо ҳисси баланди ватандӯстона иброз доштанд, ки ҳар як нуқта ва мазмуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур ва роҳнамои мо буда, ҳамешаи вақт мо ҷонибдорӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
Ҳамчунин баъд аз нисфи рӯз вохӯрии раиси ноҳияи Ишкошим бо аҳли Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров дар маркази ҷамоати деҳот деҳаи Андароб доир гардид.Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад раиси ноҳияи Ишкошим мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро“Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ба саҳми сокинони ҷамоати деҳоти мазкур расониданд.
Дар навбати худ иштирокдорони вохӯрӣ, хусусан собиқадорон ва ҷавонони Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров ифтихормандӣ аз давлату давлатдорӣ ва сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, худро дар раванди созандагиву ободонӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстиву арҷгузории ба арзишҳои миллӣ вазифадор дониста, баён намуданд, ки Паёми Пешвои миллатро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ сармашқи кор намуда тавассути он боз ба дастовардҳо ноил хоҳем гашт.