Ҷавонони ноҳияи Ишкошим зодагони даврони соҳибистиқлоли кишвар буда, имрӯзҳо дар рушд ва пешрафти ноҳия саҳми назаррас доранд.Бояд қайд намуд, ки ҷавонони ноҳия дар партави ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳми босазогузошта истодаанд.
Нуруллоев Руслан зодаи деҳаи Хасхоруғи Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров аз ҷумлаи ҷавонони хайрхоҳу эҳсонкор буда, бо маблағи 15000 сомонӣ дубомаи бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 36 –и деҳаи Хасхоруғро таъмиру азнавсозӣ намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим барои ин амали хайру маорифдӯстонаи шаҳрванд Нуруллоев Руслан сипосу миннатдории амиқро баён медорад.