Санаи 20 январи соли ҷорӣ дар маркази Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода Шодӣ ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилоят баргузор гардида буд, дар зимн якқатор устодони соҳаи варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардиданд.
Қобили қайд аст, ки дар баргузории ҷаласаи Шӯрои болозикр се нафар омӯзгорони мактаби варзишии ноҳия Нуруллобеков Атобек, Холдоров Иқбол ва Куйбеков Зокир низ сазовори унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардиданд.