Дар таърихи 23 декабри соли равон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми декабри соли 2020 баён доштанд, ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолон, роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия вохӯрӣ доир намуданд. Зимни вохӯрӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ ба сухан баромада, қайд намуданд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд. Мақсад аз ин сафари гурӯҳҳои корӣ пеш аз ҳама расонидани арзи сипоси Пешвои миллат ба сокинони ноҳия барои эътмод ва боварӣ инчунин иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз наздик огаҳ шудан аз ҳолу аҳволи мардум, таҳлили натиҷаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии соли 2020 дар маҳалҳо, камбудиву мушиклот ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021, омодагии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳву зимистон, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба иди байналмилалии Наврӯз, оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, ташкили ярмакаҳои фурӯши маҳсулот дар бозор ва нуқтаҳои муайян ва таъмин аҳолӣ бо маводи озуқа ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ дар баромади худ инчнунин оид ба тақвияти корҳои ободонӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳия, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашдуда низ дар баромади худ дарҷ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ қайд намуданд, ки дар соли 2021 моро ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст, ки дар ҷодаи таҷлил дастовези идонаи ҳар яки мову Шумо вусъати корҳои ободонӣ, сабзу хуррамнамоӣ мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, истифодаи доимии ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва гигиенаи санитарӣ дар баромади худ қайд намуданд.
Зимни сафари кории муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, дар маркази ноҳия бахусус аз сохтмони варзишгоҳи марказӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 ва иншоотҳои ҷашние, ки мавриди истифода қарор дода шуда аз қабили хонаҳои соҳавии истиқоматӣ, филиали БДА “Амонатбонк -72”, Маркази рушди барвақтии кӯдак, идораи Кумитаи замини ноҳия ва рафти корҳои таъмир дар беморхонаи маркази дидан намуданд.