• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 25.12.2020 by ishkoshim

                       Санаи 23 юми декабри соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим машварати васеи назди раиси ноҳияи Ишкошим бо иштироки муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ баргузор гардид. Дар кори машварат масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷамъбасти сол, ҷараёни иҷрои иҷрои қарори раиси ноҳияи Ишкошим аз 18 июни соли 2018, № 300 вобаста ба амалишавии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП 1059 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар рафти машварат аз рӯи масъалаи якум мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Нуралӣ Атобеков ҳисобот дода, зикр намуданд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ноҳия ба 75500,9 ҳазор сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 14,0 фоизро ташкил дод.Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ 16,0 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 19,0 фоиз, гардиши мол 6,0 фоиз ва андозу даромадҳои худӣ 2,8 фоиз ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуданд.
Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ёздаҳ моҳи соли 2020 бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,0 фоиз иҷро гардидааст. Сифатнокии нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи се намуди андоз дар ин давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла андоз аз даромад, андоз аз воситаҳои нақлиёт ва андози молу мулки ғайриманқул таъмин нагардид ва аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи зиёда аз 127,5 ҳазор сомонӣ ворид нашуд.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба буҷети ноҳия ба маблағи 22 млн 887 ҳазору 925 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шуда, ки 94,1 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро ташкил дод.
Қисми хароҷоти буҷети маҳалли ноҳия ба ҳолати 1 декабри соли 2020 ба андозаи 90,2 фоиз иҷро гардидааст.
Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ ба андозаи 102,0 фоиз иҷро гардид, аз ҷумла аз ҳисоби муассисаҳои буҷетӣ 99,0 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 118,0 фоизро дар бар гирифт.
Дар ёздаҳ моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаи маблағгузориҳо ба ноҳия ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ 75249,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 45,0 фоизи ин маблағҳо яъне 33817,6 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, баъзе аз иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз сармоягузориҳои умумӣ 63018,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, 1716,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 9064,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд ба маблағи 1450,6 ҳазор сомонӣ ба соҳибкорони ноҳия рост меояд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тибқи ҳисоботҳои ёздаҳ моҳи соли 2020 ба 5221,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 – ум 848,3 ,0 ҳазор сомонӣ ё худ 19,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ноҳия дар ин давраи ҳисоботии соли 2020 40 адад коргоҳҳои хурди саноатӣ бо фарогирии 118 адад ҷойҳои корӣ фаъолият дошта, корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар моҳҳои январ – ноябри соли 2020 аз тарафи бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба маблағи 3636,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 189,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Интиқоли маблағи шахсони воқеӣ аз хориҷи кишвар дар ёздаҳ моҳи соли равон маблағи 24733,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 12,0 фоиз ё ин ки маблағи 3059,0 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Муомилоти умумии мол дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ маблағӣ 7710,5 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 6,0 фоиз ё маблағи 452,6 ҳазор сомонӣ зиёд гардааст.
Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамин давраи ҳисоботӣ маблағи 1529,9 ҳазор сомониро ташкил дода, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи машварат мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Матробов Вадим гузориш дода, омодагии иншоотҳои ҷашнии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳия таҳлилу баррасӣ намуд.
Қайд намуданд, ки шумораи умумии иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳия 76 адад пешбинӣ гардида, арзиши пешакии онҳо 104,8 млн сомонӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 86,6 млн сомонӣ, буҷети вилоятӣ 2,0 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 395,0 ҳазор сомонӣ, маблағҳои сармояи хориҷӣ 6,6 млн сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ 9,2 млн сомониро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон дар 60 адад иншоотҳои ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, 82,0 фоизи иҷрои нақшаи мазкурро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии 76 адад иншоотҳо ба ҳолати имрӯза 31 адад ба пуррагӣ иҷро гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ба ҳолати имрӯза дар 29 банди нақша – чорабиниҳо корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 15 банди боқимонда, ки 20,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад то ҳол корҳои сохтмонӣ аз тарафи масъулин оғоз нагардидаанд.
Пас аз шунидани гузоришҳои мудирони бахшҳои иқтисод ва савдо, меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, раиси ноҳия Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро мавриди муҳокима қарор дода, қайд намуданд, ки бо натиҷагирӣ аз нишондодҳои ба дастомада бармеояд, ки гарчанд муввафақияту комёбиҳо камбудиву норасогиҳо низ дар соҳаҳо ба мушоҳида мерасанд, ки ҳаллу фасл намудани онҳо аз фаъолияти ҳар як мову шумо вобастагӣ дорад.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкилу баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо мардум дар маҳал супориш доданд, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура,корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими аънана ва ҷашну маросим, шӯроҳои ҷамъиятӣ, калонсолон, ҳаракати ваҳдати миллӣ, зиёиён ва фаъолони ноҳия гуруҳи корӣ таъсис дода ба маҳалҳо сафарбар карда шаванд.
Баъд аз суханронии раиси ноҳия, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ ба сухан баромада, қайд намуданд, ки имрӯз гуруҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП -1059 дар шаҳру ноҳияҳо вобаст гардидаанд, тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд. Мақсад аз ин сафари гурӯҳҳои корӣ ба маҳалҳо аз наздик огаҳ шудан аз ҳолу аҳволи мардум, таҳлили натиҷаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии соли 2020 дар маҳалҳо, камбудиву мушиколот ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2021, омодагии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳву зимистон, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба иди байналмилалии Наврӯз, оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, ташкили ярмакаҳои фурӯши маҳсулот дар бозор ва нуқтаҳои муайян ва таъмин аҳолӣ бо маводи озуқа ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Декабр 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Ноя   Янв »
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 90
  • 14 168
  • 530 933
  • 99 797
  • 27
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet