Санаи 18 уми декабри соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим Иҷлосияи 5 ум, даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон иштирок намуданд. Пеш аз оғози кори иҷлосия Суруди миллӣ садо дода шуд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ба иҷлосия муовинони раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони идораву муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот даъват гардиданд.
Ба муҳокимаи иҷлосияи панҷум(даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
1.Муҳокимаи лоҳиаи буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим барои соли 2021 ва таъмини иҷрои он дар соли 2029;
2. Дар бораи муқарар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим;
3. Дар бораи пешниҳоди Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим;
4. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим, ки байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд.
Аз рӯи масъалаи якум сардори Раёсати молия Искандархонов Мамадалихон оид ба лоҳиаи буҷети ноҳия барои соли 2021 ва таъмини иҷрои он дар соли 2019 маърӯза намуд.
Вобаста ба тасдиқи лоҳиаи буҷети маҳаллии ноҳияи Ишкошим раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони ноҳия оид ба буҷет, молия ва андоз Пилтабоев Алиёрбек баромад намуда, нишонидиҳандаҳои лоҳиаи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2021 аз рӯйи даромад, хароҷот буҷети худии ноҳия, буҷети ҷамоатҳои деҳот, тақсимоти даромадҳои буҷетии маҳаллии ноҳия, фонди музди маоши кормандони идораву муассисаҳоро баррасӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома сардори нозироти андози ноҳия Рамадонов Абдуллобек баромад намуданд.
Оид ба масъалаи сеюм муовини раиси ноҳияи Ишкошим Холдорзода Ашам баромад намуда, оиди номгузории ду объекти ҷуғрофии ҳудуди ноҳия яъне иваз намудани номи қуллаи Маяковсий ба номи қуллаи Апхарв ва қуллаи Комсомоли Украина ба номи қуллаи Боми Ҷаҳон пешниҳод гардид.
Инчунин вобаста ба масъалаи чорум роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Некбахтшоев Наим дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми уми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд ахборот дод.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон баромаду таклифҳоро шунида, инчунин дар баромади худ барои минбаъд беҳтару мувофиқи мақсад роҳандозӣ намудани корҳо дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба маъсулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.