Зиндаву ҷовид мон ҳар ки накуном зист.…
Имрӯз мову шумо бо яке аз абармардони ноҳияамон, ки тамоми ҳастиву зиндагиашро сарфи хизмат ба ватан ва ба мардуми диёри хеш намудааст, падруд мегуем. Зиндагиномаи чунин шахсиятҳои маъруфу нотакрор барои ҳар яки мо, бахусус барои насли ҷавон намунаи олии ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ин ватан аст.
Сайфов Сафар 9 майи соли 1924 дар деҳаи Систи ноҳияи Ишкошим дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1931 дар синни 7-солагӣ ба мактаби 7-солаи деҳаи зодгоҳаш ба таҳсил фаро гирифта шуда, то соли 1936 дар ин мактаб таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаб дар хоҷагии ҳамдасти (колхози) “Коммунизм” ба сифати коргарӣ оддӣ кор кардааст.
3 сентябри соли 1943 барои хизмати аскарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Сайфов Сафар қисмати тайёрии аввалини ҳарбиро дар муддати 40 рӯз дар шаҳри Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) аз худ намуда буд. Охири моҳи октябри соли 1943 ба фронти ҷангии Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристонида мешавад. Аз соли 1943 то моҳи майи соли 1944 дар фронти якуми Украина, полки 695-уми тирандозӣ таҳти сарфармондеҳи генерали армия Ватутин Н.Ф. ҷангидааст. Дар озод кардани шаҳрҳои Украина ва Руминя иштирок доштааст. 17 апрели соли 1945 дар яке аз задухурдҳо сахт ярадор мегардад. Худи ҳамон сол аз сафи Армияи Шӯравӣ рухсат мегардад.
То соли 1961 дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла корманди масъули шӯъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ишкошим, шӯъбаи алоқаи ноҳияи Ишкошим кору фаъолият намудааст. Баъди ин дар вазифаҳои гуногун дар хоҷагии ҳамдастии (колхози) “Гармчашма”, баъдан хоҷагии шӯравии(совхози) “Бадахшон” кор ва фаъолият намудааст. Моҳи майи соли 1984 ба нафақаи пиронсолӣ баромадааст.
Сайфов Сафар зиндагии ибратомузашро сарфи хизмат ба ватан ва давлати хеш намудааст. Дар ҳаёти бобаракаташ кӯшишу талошҳои вай баҳри адлу адолат, ободиву созандагӣ нақши ҷиддие доранд. Бароӣ мардонагӣ, саҳми арзанда дар фронтҳои Ҷанги Бузруги Ватании солҳои 1941-1945 бо Ордени “ Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дараҷаи 2, медалҳои “20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (соли 1965), “30-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”(1975), “40-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”(1985), “50-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”(1995), “60-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”(2005), “65-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”(2010), “Барои хизматҳои ҷангӣ”, “100-солагии Жуков” (1996), 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳодӣ Шӯравӣ” (1988) ва Ифтихорномаҳои зиёде сарфароз гардонида шудааст.
Инсонҳое ба мисли Сайфов Сафар ҳаргиз намемиранд. Онҳо дар дилу дидаи мардум бо кори неку номи нек, бо хислатҳои олии мардумдӯстӣ, садоқат ба ватан, далериву мардонагӣ асрҳо ҷойгузин хоҳанд монд. Агарчи марг имрӯз ҷисми ӯро аз байни мо рабуда бошад, аммо хотираи ин инсони зиндаёд ҳамеша бо мост.
Ба қавли шоир:
Зиндаву ҷовид монд ҳарки наку ном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номрою