Абдусаттор Пирмуҳаммадзода як корбари шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва ронандаи нақлиёти мусофиркашонӣ дар як муроҷиатномаи пой дар ҳавоии худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози норозигии худро аз ҷарима шуданаш ва риоя накардани қойдаҳои шаҳрдорӣ дар шабакаи иҷтимоии мазкур баён намудааст.
Он чизе,ки ӯ худро ҳамчун як шахси таҳсилкарда ва хатмкардаи магистратураи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва корманди собиқи Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад ва дар ҳоле, ки риояи ҳатмии қойдаву қонунҳои амалкунандаро сарфи назар мекунад, шахсияти ӯро ҳамчун як нафари таҳсилкарда зери суол қарор мегузорад.
Ба назари мо агар Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз кори кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе вобаста ба ҷарима шуданӣ ӯ нисбат ба вайрон намудани қойдаҳои ҳаракати нақлиёт ва воситаҳои мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе норозӣ бошад, беҳтар аст, ки аввалан ба Суди шаҳри Душанбе муроҷиат намояд,дар сурати мувофиқи хости ӯ ҳал нашудани қазияи кор метавонад,ки ба сохторҳои болои судӣ муроҷиат намояд.
Давлатҳои дигар пешрафти худро дар қонунсолорӣ ва иҷроиши қонунҳои амалкунанда ёфтаанд.Дар давлатҳои пешрафтаи дунё оддитарин кору фаъолият бе назардошти қойдаҳои амалкунандаи шаҳрдориҳо ва қонунҳои мамлакатҳо сурат намегиранд, амммо шахсиятҳое ба монанди Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба вуҷуди оне,ки худро “таҳсилкарда” меноманд,дар айни замон аз иҷроиши оддитарин қойдаҳои шаҳрдориҳо ва қонунҳои мамлакат сарфи назар менамоянд.
Аз назари мо то расидан ба як ҷомеаи пешрафта,аввалан бояд,ки орӯгазидагиҳои нодонии Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро табобат намуд то ин, ки риояи ҳатмии қойдаҳои шаҳрдорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва иҷроиши қонунҳои амалкунандаи кишвар дар тамоми мамлакат ба пуррагӣ иҷро гардад.