• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 25.11.2020 by ishkoshim

Нашъамандӣ падидаи зараровари ҷомеаи инсонӣ ва мушкилоти умумиҷа ҳонист. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, баҳри солим нигоҳ доштани ҷомеаи шаҳрвандӣ чандин созишнома ва Протоколҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷониба дар ҷодаи аз байн бурдани ин падидаи номатлуб ба имзо расонидааст. Мубориза бо муомилоти ғайриқо нунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ яке аз самт ҳои асосии сиёсати стратегии давлат мебошад.Даст ба нашъамандӣ задани баъзе аз шаҳрвандони кишвар сабабу омилҳои худро доранд, ки инҳо таъсири муҳит ва хислати инсон мебошад ва дигар ин сабаби бепарвоӣ ва бемасъу лияти худи падару модар мебошанд. Дини мубини ислом ҳамаи он амалҳо- еро, ки бар зидди инсон асту ба инсон зарари манфӣ мерасонад, ҳаром эълон намудааст ва танҳо истеъмоли маводи ҳалолу покизаро иҷозат додааст. Дар ин маврид худованди таъоло дар ояти 88 сураи “Моида” мефароянд: “Ва аз ҳар чизи ҳалолу покиза , ки Худо ба шумо рӯй додааст, бихӯред ва аз он , ки Худо шумо ба вай имон овардаед битарсед”. Ва он чиз, ки бар зарари ҷисму молу амвол, шукуҳу шарафу обрӯи бандагон равона гардидааст, ҳукми ҳаром дорад. Худованд дар ояти 157 сураи “Аъроф” чунин мефармояд: “…ва барои онҳо покизаҳоро ҳалол месозад ва покизаҳоро ҳаром мекунад ва бори гарони онҳоро ва он машаққатҳоеро, ки бар онҳо буд аз онҳо фурӯ мениҳад” аз ин ояти қуръонӣ бармеояд, ки парвардигори азза ва ҷалл палидҳо, яъне ҳамон чизҳоеро , ки истифодаи он ногузир ба ҷисми инсон аст, ҳаром кардааст.
Дини мубини ислом инсонро бо ҳама хубиҳо ва истифода аз ҳар он чӣ фоидаовар аст, амр менамояд ва аз ҳар он чизе, ки зиён дорад , манъ мена- мояд. Бо ҳамин хотир истифода аз маводи мухаддирро дини ислом ҳаром фар мудааст. Маводи мухаддир бо ҳама навъҳояш зиёни ҷонӣ, молӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар пай дорад. Аз ҳамин лиҳоз далелҳои ҳаром будани маводи мухаддирро, ки Қуръони Карим ва ҳадисҳои пайғамбари ислом баён намуда анд, мухтасар баён менамоям.
Аввалан маънои луғавии маводи мухаддирро шарҳ медиҳем. “Мухаддир” ё “мухаддирот” маънои заифӣ, сустӣ, сардӣ ва нотавониро ифода мекунад. Ва бо маънои луғавии дигар тарӣ, кундӣ, ҳайронӣ, танбалӣ, беиззатӣ ва беҳимматиро дар бар мегирад ва ҳамаи ин сифатҳо дар шахси мубталои маводи мухаддир ва ҳар нашъаманд ҳувайдо мебошад. Ҳар маводи хом ё сохташуда , ки дорои таъсири таскиндиҳанда, беҳолкунанда, ки ғайри маводи тиббӣ ба кор бурда мешавад, шахсро ба гирифтории нашъамандӣ оварда мерасонад, зарараш аз нигоҳи руҳӣ ва ҷисмонӣ зоҳир мегардад, “мухаддир” номида мешавад.
-Худованд мефармояд; “Онҳое, ки набии умиро пайравӣ мекунанд, ва номи ӯро ҳам дар Инҷил ва ҳам дар Таврот навишта меёбанд, номи худро ба маъруф, яъне писандида, амр мекунанд, ва барояшон чизҳои палидро ҳаром месозанд, бар гарданашон бори сангинеро бармедоранд”.
-Худованд мефармояд; “Эй муминон дар ҳоле, ки шумо маст бошед, ба намоз наздик нашавед, то он ки бифаҳмед чӣ мегӯед”. ( Нисо – 43)
– Худованд мефармояд; “Ва хештанро макушед, ба дурустӣ , ки худо ба шумо меҳрубон аст” (Бақрар-195”). Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят шудааст, ки пайғамбари худо фармудаанд; “Он чиз, ки миқдори камаш нашъа намояд ва миқдори камаш низ ҳаром аст”.
Дар истеъмоли маводи мухаддир таҷовуз ба болои ниёзмандиҳои панҷ- гона, ки ислом дар роҳи нигоҳдориҳои он бо ҳама васила ва имконият кӯши- дааст, яъне ҳифозат аз дин, ҷон, насл, мол ва ақл аст. Бояд гуфт, ки таҷовуз ба болои ҳар яки онҳо дар ислом ҷинояти басо бузурге буда, муҷозоти ниҳоят вазнинеро бар душ дорад ва ҳар мубталои маводи мухаддир дину ақида, ақлу хирад, нафсу ҷон, молу мулк ва нангу номусро аз даст хоҳад дод. Зарари маводи мухаддир дар бисёр ҳолатҳо аз зарари хамр зиёдтар мебошад. Бино- бар ин уламои дин дар ҳаром будани ин мавод панҷ сабабро ба эътибор гирифта, маводи мухаддирро ҳаром эълон намудаанд.
1Ҳуши инсонро рабудан ва ӯро мадҳуш кардан.2 Баҳри ҷисми инсон ҳамчун заҳри қотил будан. 3 Инсонро заифу суст кардан. 4 Исрофи мол будан. 5 Са- бабгори фасод дар замин ва ҷомеа будан.
Бо дарназардошти ҳамаи ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.02.2013 № 1409, “Дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гар- диши ғайри қонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сол- ҳои 2013-2020” интишор гардида, бахши дин танзими анъана ва ҷашну маро- сими МИҲД и ноҳия барои иҷрои ин Фармон масъул гардида, дар нақшаи кории бахши дин, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷум- ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” алоҳи- да бандҳо марбут ба ташкилу гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ до- хил гардидааст. Вобаста ба ин бахши дин, сармутахассисони дини ҷамоатҳои деҳот, ходимони дин дар ҳудуди ноҳия як қатор корҳои оммавӣ фаҳмонида- диҳиро дар бораи кирдорҳои ҷиноятӣ, зарари маводи мухаддир дар байни омма, муассисаҳои таълимӣ ва бахусус дар байни ҷавонону наврасон таш- килу баргузор намуданд. Тибқи нақша ҳангоми гузарнидани маҷлису вохӯ- риҳо бо табақаҳои мухталифи аҳолӣ истеҳсол, истеъмол ва ба гардиш баро- вардани маводи мухаддир ва прекурсорҳои он диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Сармутахассисони дини ҷамоатҳои деҳот дар муассисаҳои таълимӣ бо наврасону ҷавонон суҳбат ороста, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ дар бобати маводи мухаддир ва дигар маводҳои мадҳушкунанда табодули назар карда, оид ба чораҳои пешгирӣ намудани ин амал тавсияҳо дода, ин самт мусбат арзёбӣ мегардад.
Яке аз чораҳои андешидаи бахши дин дар ин самт, ин ташкилу гузарони- дани суҳбатҳо бо волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ ва барқарор намудани алоқа бо диаспораҳои тоҷикон дар мамолики хориҷӣ мебошад. Аз ибтидои соли 2014 сар карда, дар ҳудуди ноҳия дар ин самт аз тарафи сармутахас -сисони дини ҷамоатҳои деҳот корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд. Яке аз воситаҳои пешгирӣ намудани ин қазия ҳалли проблемаҳои ҷавонон ба шумор рафта, ин қазияҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодаанд.
Вобаста ба пешгирии истеҳсол, истеъмол ва гардиши ғайри қонуни маводи мухаддир пешниҳод менамоям;
Риояи ҳатмии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарфи шаҳрвандон.
Сифатан хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ.
Таъмини муассисаҳои таълимӣ аз мутахассисони баландихтисос
Мунтазам кор карда баромадани Стратегияи милли мубориза бар зидди
гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар байни хонандагони синфҳои
болоӣ.
Пеш бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо волидайн.
Тарбияи дуруст дар оила.
Истифодаи оқилонаи воситаи ахбори омма.
Ба реҷа даровардани масруфияти наврасон ва ҷавонон.
Муҳайё намудани шароитҳои варзишӣ, ба хусус дар деҳот.
Пеш бурдани корҳои профилактикӣ аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Ба кор бурдани қувваи аҳли ҷамоатчигӣ дар ин самт.
Бо кор таъмин намудани ҷавонон.
Истифода аз неруи ходимони дин дар ин самт.

Муродмамадов И.Н – Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну
маросими МИҲД –и ноҳия Ишкошим

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Ноябр 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Окт   Дек »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 90
  • 14 168
  • 530 933
  • 99 797
  • 3 724
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet