Сухани табрикотии
раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба Рӯзи таҷлили иди касбии милитсияи тоҷик
Муҳтарам ҳомиёни ватан!
Боиси фахр аст, ки имрӯз дар фазои амну осоишта ва сулҳу суботи комил рӯзи касбии кормандони милитсия таҷлил мегардад.
Дар ин замина бо камоли самимият ҳамаи шумо афсарону кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилиро ба иди пуршарафу ифтихормандатон таҳният гуфта, барои якояки Шумо сиҳатмандии комил, рӯзи хушу рӯзгори обод ва дар ифои вазифаи пурмаъсулатон муваффақиятҳо хоҳонам.
Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эъмори давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошт. Таърихи навини давлатдориамон ба ҷаҳониён ҳақиқатро собит намуд, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва неруи солиму тавоно буда, қодир аст, роҳи ҳамагуна моҷароро гирад.
Рӯзи 10 ноябри соли равон ба таъсисёбии ва фаъолияти босамари милитсияи тоҷик боз як соли дигар пур мегардад. Ин санаи таърихӣ дар хотираи он нафароне, ки умри пурбаракати худро ба ин мақомот пайваст намуда, фаъолияти хешро сарфи пешгирии падида ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа намуда, таъмини волоияти қонун ва амнияти шарҳвандонро асои пайкори хеш донистаанд фаромӯшнопазир мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳи таъсисёбиаш роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое,ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми босазо гузоштааст.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далериву ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Милитсияи тоҷик дар ин муддат новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмини ночизи моддиву техникӣ, инчунин ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату буҳронии руҳиву ҷисмонӣ вазифаҳои худро иҷро намуда, баҳри раисдан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ беш аз ду ҳазор нафар ҷони хешро аз даст додаанд, ки албатта имрӯз ёди неки онҳоро ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар зарфи 29 соли даврони истиқлолияти давлатӣ новобаста аз мураккабиҳои касби ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат ва зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.
Дар ин ҷода бо ифтихор қайд менамоям, ки кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим дар баробари дигар ҳамкасбони хеш дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии зиндагии мардум нақши барҷаста дошта, ба Шумо ва собиқадорони ин соҳа баҳри хизматҳои шоиста изҳори сипос менамоям.
Итминони комил дорам, ки Шумо ҳомиёни ватан ба савганди касбии худ вафодор буда, мунтазам ҷиҳати нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ба ҷомеа хатарзо садоқатмандона ифои вазифа менамоед.
Дар фарҷом бори дигар иди касбиатонро ба якояки Шумо табрик намуда, хоҳони сарбаландиву хонаободии Шумоям.