Имрӯз дар сар то сари қаламрави мамлакат, маъракаи муҳими сиёсӣ –Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро таъмин мекунад баргузор гардид. Дар ин раванд мардуми сарбаланди ноҳияи Ишкошим ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки ҳар якеро ба давраи сифатан нави рушди ҷомеа ворид месозад бо сарфарозии беназир ширкат варзида истодаанд.
Дар шароити имрӯза ҳар як ҷомеаи демократӣ танҳо тавассути интихобот иштироки шаҳрвандонро дар ташаккули давлатдорӣ, устувории волоияти қонун ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамчунин таъмини ҳуқуқҳои конститусионии ҳар як шаҳрвандро кафолат дода метавонад.
Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тамоми пояҳои давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё,барқарор ва устувор намудааст.Маҳз самараи ҳамин раванд буд, ки имрӯз интихоботи президентӣ бо таври шаффофу демократӣ дар фазои озоду мутантан ба вуқуъ пайваст.