Санаи 15 уми сентябри соли равон тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Кумитаи болозикр, чемпиони бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом дод.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаровро раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад истиқбол намуданд.
Зимни сафари корӣ Дилшод Назаров бо раиси ноҳияи Ишкошим мулоқоти судманд анҷом дода, сипас аз фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ишкошим аз наздик шинос гардиданд.Инчунин дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Назаров бо ҷавонони ноҳия вохӯрӣ намуда, суҳбату мулоқоти хотирмон анҷом доданд.