Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият расидан ба ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа мебошад, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ дар Тоҷикистон самараи он мебошанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ишкошим низ дар қатори дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ самтҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия рушд намуда имрӯзҳо симои ноҳия куллан дигар шудааст.
Ин ҳама пешрафти ноҳия дар замони истиқлолият маҳз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Ишкошим мебошад.
Мардуми шарафманди ноҳияи Ишкошим баҳри чунин хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ҳамеша миннатдору сипосгузор буда, шукронаи соҳибистиқлоливу ваҳдати миллиро доранд.
Хушбахтона имсол дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардид ва сокинони ноҳияи Ишкошим бо азми қавӣ ва дастҷамъона номзадии арзандаи давлату миллатро ҷонибдорӣ намуда ба номзади арзандаи худ овоз медиҳанд.