Субҳи 11 уми сентябри соли равон сафари кории раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ба ноҳияи Ишкошим ҷиҳати ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович зимни сафари корӣ нахуст дар Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров дар деҳаҳои Гармчашма ва Деҳлох хатҳои оби нӯшокиро ба истифода дод. Дар ин сафари корӣ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович дар деҳаи Деҳлох аз муассисаи таҳсилотии № 34 низ дидан намуд. Ҳамчунин раиси вилоят дар суханронии худ ба сокинони ин ду деҳа ҷиҳати саҳми арзанда доштан дар корҳои ободониву созандагӣ миннатдорӣ баён намуд.
Баъд аз сафари кории раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович дар Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров бахусус дар деҳаҳои Гармчашма ва Деҳлох раиси вилоят ва гуруҳи корӣ ба самти маркази ноҳия ҳаракат намуданд. Дар маркази ноҳияи Ишкошим низ тарафи ҳайати расмӣ як адад ҳаммоми замонавӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ, ки аз тарафи соҳибкор Ҷалолов Адаб сохта шудааст мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин худи ҳамин рӯз дар маркази ноҳия хонаҳои истиқоматии соҳавӣ барои хизматичиёни давлатӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби раиси вилоят мавриди истифода қарор дода шуд. Қобили қайд аст, ки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович калиди хонаҳоро ба 24 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи тандурустӣ супорид.
Хизматиёни давлатӣ,кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ барои чунин дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Зонг анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва дар деҳаи Вичкути Ҷамоати деҳоти Птуп меҳмонхона мавриди истифода қарор дода шуд.