• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Суроға
  • Харитаи сомона
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Menu
  • Дар бораи ноҳия
    • Маълумот
      • Таърих
      • Сохтори маъмури-ҳудудӣ
      • Ҳамкорҳои байналмилалӣ
      • Нишондодҳои рушд
    • Ҷамоатҳо
      • Ҷамоати деҳоти Зонги
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков
      • Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ
      • Ҷамоати деҳоти Вранг
      • Ҷамоати деҳоти Шитхарв
      • Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров
      • Ҷамоати деҳоти Птуп
    • Ташкилотҳои ноҳиявӣ
      • Муассисаҳои калон ва шӯъбаи молиявӣ
      • Идораҳо
      • Бонкҳо
      • Театрҳо
      • Осорхонаҳо
      • Боғҳо ва ҷойҳои фарҳангӣ
      • Мактабҳои олӣ
      • Мактабҳои варзишӣ
      • Бозорҳо
    • Маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ
      • Маълумотҳои оморӣ
      • Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
      • Ҳисоботҳо
  • Мақомоти иҷроия
    • Маълумот
      • Сохтор
      • Раиси ноҳия
      • Муовинони раиси ноҳия
      • Раисони ҷамоатҳо
      • Роҳбарони сохтори давлатӣ
      • Бахшу шуъбаҳо
      • Низомномаи ноҳия
      • Суроға
    • Фаъолият
      • Реҷаи корӣ
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Изҳороти расмӣ
      • Суханрониҳои раиси ноҳия
      • Нақшаҳо
      • Барномаҳои давлатӣ
      • Барномаҳои минтақавӣ
      • Вохӯри бо ҷамоат
      • Стратегияи амалҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
    • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
      • Дар бораи Ҳукумати электронӣ
  • Маълумот
    • Фаъолияти вакилон
      • Аъзоёни шӯроъ
      • Фаъолияти Шӯроъ
      • Фаъолияти намояндагон
      • Намояндагони халқӣ
      • Рӯзномаи иҷлосияҳо
      • Комиссияҳои доимӣ
    • Маълумот
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Рӯйдодҳо
      • Кушодашавии озмунҳо ва тендерҳо
      • Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ
      • Рӯйхати маълумотҳо, ба руйхат дохил намудани маълумотҳои махфӣ
  • Алоқа
    • Алоқа бо воситаи сомона
      • Харитаи сомона
      • Саволҳо ва ҷавобҳо
      • Форум
      • Муроҷиат
    • Маълумотҳои тамосӣ
      • Суроға
      • Рузҳои қабули шаҳрвандон
      • Тартиби воридшавии дархостҳо
      • Низомномаи муроҷиати шаҳрвандон
      • Телефонҳои боварии идораҳо
      • Низомномаи телефони боварӣ
      • Низомномаи телефони ягона
  • ТоҷикӣТоҷикӣ
    • РусскийРусский
    • EnglishEnglish
Menu
Posted on 17.07.202017.07.2020 by ishkoshim

                                                           

 

                         Нашъамандӣ вабои  аср

           Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 тазаккур дода буд, ки “Дар шароити ташануҷи рузафзӯни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағиру таҳавулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоҳои байни давлативу байни мазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон макомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.
Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо тероризм-экстремизм ва муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву терористӣ мебошад.
            Нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба сиёсати иқтисодӣ ва ичтимоии давлат, саломатии аҳолӣ ва миллату давлат зарари ҷиддӣ мерасонад.Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш руй гардонида, ҳастию ҷонро низ асос надониста, шахсияти худро поймол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд.
Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷруҳ мегардонад.Чун мавзуи матни навбатӣ «Нашъамандӣ — вабои аср» аст, охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI буда, масъалаи глобалии тамоми ҷаҳониён гаштааст. Имрӯзҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо гуё бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт ё бо сабаби гирифтори шудани беморӣ, шояд аз нодонӣ аз оқибатҳои он ё босабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд
         Дар замони имрӯза шахсоне побанди ин зуҳуроти номатлуб мегарданд, ки руҳан иродаи заиф дошта, дониши кифоя ва тафаккури амиқу дақиқ надоранд. Чунин шахсон дар зиндагӣ гумроҳ буда, мақсаду ниятҳои пароканда ва парешон доранд. шахси нашъаманд бо умеди оне, ки гӯё баъди истеъмоли маводи нашъаовар ҳамаи мушкилотҳояш ҳал шуда, ғаму дардро фаромӯш мекарда бошад, ин амали зиштро анҷом медиҳад, аммо ин ҳолати доштаи ӯро боз ҳам бад месозад. Баръакс баъди истеъмоли маводи нашъадор баъди як лаҳза хушҳолии кӯтоҳмуддат яку ябора ғаму андуҳ, беҳолию нооромӣ ва беморию хавфи марг инсони нашъамандро интизор аст.
Дар ҳоли имрӯз нашъамандӣ бештар ҷавонону наврасонро, ки қувваи асосӣ ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд, ба коми хеш кашида истодааст, ки ин хело нигаронкунанда мебошад, чунки ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти мо – ҷавонон аст. Имрӯз нашъамандӣ чун зуҳуроти номатлубу ношоиста ҷомеаи инсониро фаро гирифта, ба яке аз проблемаҳои глобалӣ мубаддал гашта, аҳли башарро нигарон намудааст. Ҳамагон муқобили ин падидаи марговар мубориза бурда, баҳри решакан намудани он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд.
                Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 29 сол аст, ки дар фазои Истиқлолияти сиёсӣ арзи ҳастӣ намудааст. Рушди мустақилона дар баробари афзалиятҳо баъзе омилҳои манфӣ низ дорад, ки яке аз онҳо ин нашъмандӣ мебошад. Нашъамандӣ имрӯзҳо ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст ва дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф зоҳир мегардад.
           Нашъамандӣ яке аз бемориҳои хатарноктарин буда, афзоиш дорад ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҳеҷ вақт ба пурагӣ онро наметавон аз байн бурд. Дар мубориза бо ин падидаи нопок иродаю майли ба он мубориза кардан, қонунҳои дахлдору мақомоти ба мубориза ваколатдор ва афкори ба он созгор доштан, шарт ва зарур аст. Бинобар ҳамин бо мақсади муборизаи бевосита бурдан ба муқобили ин амали нопок, дар мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27апрели соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаи асосии Агентӣ аз таъмини ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, иборат аст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд: “Ҳамаи мо бо қувваи якҷоя ва мутаҳид дар роҳи паҳн нагардидани маводи нашъадор садди касногузар барпо карда метавонем”.
        Дар замони имрӯза бо пешрафт ва тараққиёти давлат, осудаҳолии шаҳрвандонро бе таъмини сулҳу субот дар ҷомеа тасаввур кардан гайриимкон аст зеро, ки бе таъмини амнияти давлатию ҷамиятӣ мо наметавонем ба рушди дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷумла, соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардем. Дар ҷаҳони имрӯза бавуҷудоии проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир, ки таҳдиди ҷиддӣ ба осоиштагию оромии аҳлӣ башар мебошад, нақши амнияти миллиро мустаҳкам намуда, зарурат ба амал овард то давлат дар идоракунӣ бештар диққати худро ба таъмини ҷанбаҳои алоҳидаи амнияти миллӣ оид ба ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлат аз таҳдиду хатарҳои дохилию берунӣ диҳанд. Имрӯзҳо бо мақсади мунтазам таъмин намудани амнияти давлатӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нақша-чорабиниҳои мушаххас оид бо ҳамкорӣ бо ҷомеа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ, таҳрезӣ гардида, амалӣ мешавад. Бояд гуфт, ки мақсад ва моҳияти асосии ҳамкорӣ бо ҷомеа, фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ оид ба ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ, амалҳои номатлуби фасодкорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ноболиғон ва ҷавонон аз шомилшавӣ ба равияҳои тундравои терористӣ мебошад.
          Хулоса дар ростои мубориза бурдан ба нашъамамндӣ ва қочоқи маводи муходдираро ҳар як шаҳрванди баору номус вазифаи ҳатмӣ ва виҷдонии худ бояд донад то ин, ки ҷомеаи мо гирифтори фоҷеаҳои нави инсонӣ нагардад. Мо бояд,ки вабои нашъамандӣ ва нашъаҷаллобиро аз Ватани худ ва тамоми ҷаҳон ба куллӣ аз байн барем то ин, ки дигар инсоният гирифтори ин гуна осебу балоҳо нагарданд.
Фаромуз Орифзода
Сардори шуъбаи РАНМН-и ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рубрики

  • Маориф (1)
  • Нақлиёт (1)
  • Паём ва суханрониҳои Президент (8)
  • Фарҳанг (2)
  • Хабарҳо (795)
  • Эълонҳо (1)
Июл 2020
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
« Июн   Авг »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Суроға

Ҷумҳурии Тоҷикистон

тел:

факс:

почтаи эелектрони:

Омор

  • 0
  • 38
  • 13 619
  • 530 384
  • 99 745
  • 1 223
  • 822
  • 0
  • 30.04.2025

Пурсиш

Извините, в настоящее время нет доступных опросов.
  • Архив опросов
©2025 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим | Таҳия шуд дар tojNet